Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Ташкили таълими хусусияти динии экстремистидошта ҷиноят аст

Ташкили таълими хусусияти динии экстремистидошта ҷиноят аст

Дар моддаи 41 - и Конститутсияи ҶТ муқаррар шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил (таълим) дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи конститутсияи худ давлати иҷтимоӣ эълон гардида, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро бу вуҷуд оварад. Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои муҳимми иҷтимоии инсон мебошад, ки баҳри рушди шахсият ва ҷомеа равона шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихоби таҳсилро доранд, онҳо метавонанд муассисаҳои таълимӣ ва шакли таҳсилро бе дахолати дигар шахсон интихоб кунанд. Амалигардии ин ҳуқуқи шахс бояд дар асоси санадҳои байналмилалӣ, қонунгузории давлат ва меъёрҳои ахлоқӣ ба роҳ монда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини озодиҳои динӣ, баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ ва ташаккули асли таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҷиҳати таъмини шароит барои ба даст овардани таҳсилоти динӣ ва озодона ба амал баровардани расму оинҳои динӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 4006 иттиҳодияи динӣ, аз ҷумла Маркази исломии ҷумҳуриявӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3551 масҷиди панҷвақта, 2 Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 70 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ ва 6 муассисаи таълимии исломӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки муътадил фаъолият намуда, эҳтиёҷоти эътиқодии аҳолиро қонеъ карда истодаанд.

Дар амалия ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки шахсони алоҳида бо мақсадҳои ғаразнок, ақидаҳои зиддидавлатӣ ба таълими шахсони алоҳида ё ба таълими гуруҳи  таълимии хусусияти динии экстремистидошта машғул мешаванд. Яке аз омилҳои асосии ба доми созмонҳои тундгаро афтодани ҷавонон - ин муқаррароти воқеии манбаҳои дини ислом, бахусус ғояҳои инсондӯстонаи мазҳаби ҳанафиро нафаҳмидан ва ба ғояҳои ба мардуми мо бегонаи равияҳои динӣ шавқ пайдо кардани онҳо мебошад. Дар ҷустуҷӯи донишҳои динӣ ҷавонон ба шахсони шубҳаноки пинҳонкор, интернет ва дигар манбаъҳои иттилоот рӯй оварда, дар он ҷо ба доми унсурҳои ифротгаро меафтанд.

Ҳамаи ин ҳолатро ба назар гирифта КҶ ҶТ дар м. 307 (4) ҷавобгарии ҷиноятиро барои ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим, муқаррар намудааст.

Объекти ҷиноятро муносибатҳои ҷамъиятие ташкил медиҳанд, ки баҳри ҳифҳи арзишҳои сохтори конститутсонӣ ва амнияти давлат равона шудаанд. Зеро таълимотии динии хусусияти экстремистидошта пеш аз ҳама ба тағйир додани асосҳои ташкили давлатдорӣ, аз ҷумла ташкили ҳокимияти давлатӣ, асосҳои муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва инсон ва асосҳои ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шуда, дар тафаккури шахс ақидаҳои иртиҷоиро бавуҷуд меоварад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мафҳуми таълим ба таври зерин дода шудааст, таълим ин фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ мебошад. Аз мафҳуми додашуда бармеояд, ки танҳо ва танҳо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор метавонанд субъекти ҷараёни таълим бошанд. Ин муқаррароти қонун маънои онро дорад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим бояд дар асоси қонунгузорӣ ва аз ҷониби шахсони муайян дода шавад.

Тарафи объективии ҷиноят дар кирдорҳои зерин ифода меёбад:  

ташкили таълими хусусияти динии экстремистидошта;

ташкили гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта;

роҳбарӣ ба таълими хусусияти динии экстремистидошта;

роҳбарӣ ба гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта;

иштирок дар таълими хусусияти динии экстремистидошта;

иштирок дар гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта.

Гирифтани таълими динӣ дар умум манъ карда нашудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2007 Донишкадаи исломии Тоҷикистон  таъсис дода шуд, ки он ягона муассисаи таълимӣ дар самти улуми дини ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Яъне, гирифтани таълимоти динӣ, новобаста аз дин, ки ба роҳи қонунӣ ва дар муассисаҳои давлативу хусусии дорои иҷозатнома таркиби ин ҷиноятро ташкил намедиҳад. Танҳо ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим таркиби ҷинояти м. 307 (4) шуда метавонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ақидаҳои ҷараёнҳои гуногун манъ карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми 9 моҳи соли 2018 163 нафар аз ҳисоби аъзои ташкилоти ДИИШ, равияи Салафия, Гурӯҳи 24 ва ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки бо аъзои оила дар ҳудуди дигар давлатҳо қарор доштанд ва 68 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, баргардонида шудааст, аммо то ҳанӯз аз 715 нафар ҷавоне, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ҳанӯз 289 нафар дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Ҳамин тавр, ҳангоми гирифтани таълимоти диннӣ шаҳрвандон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва муҳтавои ин таълимро дуруст дарк намоянд. Дуруст дарк накардани чунин таълимҳо, яъне таълимҳои хусусияти экстремистӣ дошта, пеш аз ҳама ба худи шаҳрванд ва ба ҷамъияту давлат зарар дорад.

 

Мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодии ДДТТ,

номзади илми ҳуқуқ, дотсент Қудратов Некрӯз Абдунабиевич

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Ташкили таълими хусусияти динии экстремистидошта ҷиноят аст