Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳар сол аз 21 – уми март оғоз меёбад, самимона табрику таҳният мегӯяд ва ба онҳо дар aйёми хуррамию рӯшноӣ ва фараҳмандию боландагӣ аз самими қалб тандурустию хонаободӣ, дӯстию бародарӣ, некбахтию шукуфоӣ ва барору комёбӣ орзу менамояд.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ ТАКМИЛЁБИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИМЗМ ҲАМЧУН КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ ВА УСТУВОРИИ ДАВЛАТДОРӢ

ТАКМИЛЁБИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИМЗМ ҲАМЧУН КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ ВА УСТУВОРИИ ДАВЛАТДОРӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 05 ноябри соли 2016 дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат буда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардида, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванд, кулли ҷамъият ва давлат ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқӣ ва ҳифзи арзишҳои зикршуда тавассути Конститутсияи Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Яке аз вазифаҳои аввалияти инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатдории имрӯзаи тоҷикон ҳимояи амнияти миллӣ, бахусус амнияти давлатӣ мебошад. Дар шароитҳое, ки имрӯз ҷой доранд, таҳдидҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии арзӣ фаъол гардида истода, зарурияти таъхирнопазирии объективӣ, ҷиҳати аз ҷониби давлат нишон додани муқовимат ба чунин омилҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллӣ (ба монанди экстремизм, терроризм, сепаратизм) ба миён омадааст.

Бо мақсади ҳалли самараноки чунин вазифаҳо ба дӯши давлат мушкилӣ оид ба кор карда баромадани маҷмӯи чораҳо ва воситаҳо, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили шахсият ва ҷамъияту давлат равона мегарданд, ба миён меояд. Дар чунин ҳолатҳо зарур аст, ки чораҳои саривақтӣ ва самаранок қабул карда шаванд, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳое, ки ба ноором сохтани давлат равона гардидаанд, кифоя бошанд.

Вобаста ба пешгирии экстремизм ҳамчун яке аз ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалӣ ба монанди Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ аз 30 январи соли 2002 таҳти рақами №513, Протокол дар бораи тамдиди Шартномаи амнияти коллективӣ аз 15 майи соли 1992, Қарор дар бораи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроваронаи экстремизм аз 1 октябри соли 2006 таҳти рақами №373, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 2 сентябри соли 2003, Шартномаи байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар хусуси ҳамкории муштарак доир ба мубориза алайҳи терроризм, экстремизми сиёсӣ ва динӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва дигар таҳдидҳои устуворӣ ва амнияти тарафҳо аз 8 ноябри соли 2000 таҳти рақами  №161 ва санадҳои дохилӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 ноябри соли 2013, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз 28 марти соли 2006, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020 аз 12 ноябри соли 2016 таҳти рақами №776 қабул ва амал намуда истодаанд, ки онҳо баҳри таъмини асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии фаъолияти террористӣ, тахрибкорӣ (диверсионӣ), ифротгароии (экстремизми) сиёсӣ дар ҳама гуна шакли он, аз ҷумла барангехтани бадбинӣ ё хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ё гурўҳӣ равона шудаанд.

8 декабри соли 2003 бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардид, ки дар он асосҳои ҳуқуқи мубориза бар зидди экстремизм, татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм,  таъмини ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм, муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, муқаррар намудани ҷавобгари барои амалӣ шудани он, ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм, инчунин ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, рафъи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунанд, мустаҳкам карда шуд.

26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар карда, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» - ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Санаи 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти № 1516 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро қабул намуд ва он аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2019 таҳти № 714 ҷонибдорӣ карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 2 январи соли 2020 ба он имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  

Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» аз 6 боб ва 30 модда иборат ёфта, фарогири масъалаҳои зерин мебошад:

1) Муқаррароти умумӣ. Дар муқаррароти умумӣ мафҳумҳои экстремизм, фаъолияти экстремистӣ, маблағгузории экстремизм, ташкилоти экстремистӣ, маводи экстремистӣ, муқовимат ба экстремизм, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта дода шуда, принсипҳо, самтҳои асосӣ ва вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм муайян гардидаанд. Яке аз навгониҳои Қонуни нав ин бори аввал дар сатҳи қонунгузорӣ мустаҳкам намудани мафҳумҳои бунёдии муқовимат бо экстремизм ба монанди маблағгузории экстремизм, ҳуҷҷати хусусияти экстремистидошта, муқовимат ба экстремизм, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта мебошад.

2) Асосҳои идоракунии муқовимат ба экстремизм. Қисмати мазкур асосан ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм бахшида шуда, ҳамчунин дар он субъектҳои муқовимат ба экстремизм, ваколатҳо, уҳдадориҳои онҳо ва кафолати давлатӣ нисбати шахсоне, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мерасонанд, муайян шудаанд.

3) Чораҳо дар самти муқовимат ба экстремизм. Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, бақайдгирӣ ва фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ё ташкилотҳое, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд; фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл, табъу нашр ва паҳн кардани маводи экстремистӣ; созмон додан ва фаъолияти ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории (филиалҳо, намояндагиҳои) ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ, ки мақсад ва амалҳояшон ба фаъолияти экстремистӣ алоқаманд аст; истифодаи номи ташкилоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътирофшуда дар номгузории ташкилотҳои нав таъсисёбанда;   ворид шудан, баромадан ё гузаштани транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд, инчунин ба онҳо додани ҳуҷҷат барои иқомат; додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд; гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;  истифодаи шабакаҳои коммуникатсионии истифодаи умум, шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои интишори даъватҳои экстремистӣ; кирдорҳои дигари барқасдона, ки ба фаъолияти экстремистӣ шароит фароҳам меоваранд, манъ карда шудааст.

Ҳамчунин дар қисмати мазкур диққати асосӣ ба масъалаҳои манъ ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти хусусияти экстремистидошта, асосҳо, тартиби эътирофи ташкилоти экстремистӣ ва оқибатҳои он, тартиби экстремистӣ эътироф намудани мавод, додани огоҳии расмӣ, амр ва овардани пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ ва муқовимат ба маблағгузории экстремизм дода шудааст, ки яке аз навгониҳои ин Қонун мебошад.

4) Қисмати чорум баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсоне, ки барои фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд, ҷавобгарӣ барои амалҳо дар фаъолияти экстремистӣ ном дошта, дар он масъалаҳои баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсоне, ки барои фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд, роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оммавӣ, чораҳои муқовимат ба фаъолияти ташкилоте, ки  экстремистӣ эътироф шудааст, ҷавобгарии шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ инъикос гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст: «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», “Ҷамоати Ансоруллоҳ”. Бо шиддат гирифтани содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ 14 апрели 2014 “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат ан Нусра”, 9 октябри соли 2014 “Гурӯҳи 24”, 29 сентябри соли 2015 “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” низ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ эълон гардиданд. Баъдан, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон карда шуд.

Ғояҳои ин ташкилотҳо комилан бар хилофи муқаррароти моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ба сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлати соҳибистиқлолу мустақили Тоҷикистон хавфи ҷиддӣ дорад.

5) Қисмати панҷум ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муқовимат ба экстремизмро амалӣ менамоянд, ҳамкорӣ менамояд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлати худ шахсони аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ дар экстремизм гумонбар ва айбдоршавандаро танҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи басташуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардааш таъқиб менамояд.

6) қисмати охирон муқаррароти хотимавӣ мебошад. Дар ин қисмат ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм», аз эътибор соқит донистани Қонуни пешинаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 ва тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» муқаррар карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» бо навовариҳои хоса дар самти муқовимат бо эктремизм аз қонуни пешина фарқ дошта бошад ҳам, лекин аз нигоҳи маънидодкунии ҳуқуқӣ баъзе меъёрҳои он баҳсталаб мебошанд. Баҳри такмили минбаъдаи ин Қонун ба назар гирифтани ҳолатҳои зерин баҳри муқовимат бо экстремизм аз аҳамият холӣ нест:

хуб мешуд мафҳуми экстремизм, ки дар Қонуни зикршуда ҳамчун “ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст”, омадааст бо мафҳуми экстремизм, ки Конвенсияи Шанхай бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 30 январи соли 2002 таҳти рақами №513 мутобиқ карда шавад. Мувофиқи моддаи 1-и Конвенсияи Шанхай «Дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ» экстремизм – ин кирдори бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо роҳи зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, инчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ вайрон намудани амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҳамин мақсад ташкил намудани воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ё иштирок дар онҳо, ки бо тартиби ҷиноятӣ таъқиб карда мешаванд, мебошад;

дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» зарур аст, ки  мафҳумҳои даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), сафедкунии оммавии экстремизм, иттиҳоди экстремистӣ, экстремиист, гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта ҷой дода шаванд. Зеро дар сатҳи қонунгузорӣ ташреҳ нашудани ин истилоҳот метавонанд дар давраи тафтишотӣ пешакӣ ва судӣ ба мушкилиҳо оваранд;

технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи Интернет омили стратегие мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди ташвиқоти густурдаи экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мебаранд. Таҳқиқи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи истифодабарии Интернет ҷиҳати паҳн намудани ғояҳо ва даъватҳои экстремистию террористӣ гувоҳӣ медиҳад. Айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 миллион муштариёни шабакаи Интернет мавҷуд буда, зиёда аз 80 фоиз онҳо ҳадафмандона ё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти экстремистӣ дастрасӣ пайдо менамоянд. Бинобар ин мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муайян ва манъ намудани пахши сомонаҳои тарғибкунандаи маводи экстремистӣ бояд фаъол бошанд. Бинобар ин ҷиҳати босамар муқовимат намудан бо экстремимзм қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти фазои маҷозӣ (кибер)” ва Доктринаи амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим доранд;

барои босамар муқовимат намудан бо экстремизм, бахусус ҷиноятҳои экстремистӣ ва хусусияти экстремистидошта дар шабакаҳои интернетӣ ва дар ҳаёти осоишта нақши муҳимро тарбияи аҳолӣ  дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояш таъкид намудааст, ки тарбия ва такмили ахлоқу маънавият дар ҳама давру замонҳо бар дўши волидон вогузор мегардад. Зеро, бо кумак ва дастгирии волидон сатҳи донишандўзӣ, одобу рафтор, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, садоқат ба ватану миллат ва худшиносию худогоҳи миллӣ, эҳтиром ва меҳру муҳаббат нисбат ба волидон, атрофиён ва ҷамъият дар зеҳни фарзандон парвариш меёбад. Дар вақтҳои охир терроризм, зиддиятҳои миллӣ, бегонапарастӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои муносибати миллӣ, этникӣ, динӣ, маҳдудияти забонҳо, таҳдиди сарнагун сохтани ҳокимияти қонунӣ ва монанди инҳо хеле зиёд гардидааст. Ҳамаи ин хавфи таҳдид ба таҳкими сулҳ ва озодиро дар сатҳи миллӣ ва байналхалқӣ нишон дода, боиси монеае дар роҳи тараққиёти ҷомеа мегардад. Бинобар ин, масъалаи таҳаммулпазирӣ яке аз проблемаҳои марказии ҷаҳонӣ ва сатҳи дохилидавлатӣ гаштааст. Ҷиҳати самаранок татбиқ намудани тарбияи аҳолӣ дар руҳияи таҳаммулпазирӣ ва амали манфиатовари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» қабули Барномаи давлатӣ “Оид ба ташакулёбии шуури таҳаммулпазирӣ ва муқовимат бо экстремизм дар байни ҷавонон” саривақтӣ буда, кафили устуворӣ ва боэътимоди ояндаи давлату давлатдории мо тоҷикон мебошад. 

Қудратов Некруз Абдунабиевич - мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

Раҳимзода Умедҷон -  ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими РАД ВКД ҶТ, подполковники милиса

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ ТАКМИЛЁБИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИМЗМ ҲАМЧУН КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ ВА УСТУВОРИИ ДАВЛАТДОРӢ