Амалҳои наҳзатиҳо барои ҷавонони точик бегонаанд!

Имрӯз тафаккури танги ифротӣ ва фаъолияти харобиовари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ватани мо ва зиндагии ободу осудаи моро ҳадафи худ қарор додаанд. Ин аст, ки мубориза бо ин «вабои аср» як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандор, новобаста аз касбу кор, синну сол ва аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург бетараф набошад ва саҳми худро гузорад.

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои минтақаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.

Бинобар ин дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин қувва бошад.

Пӯшида нест, ки ин тоифа барои амалӣ намудани кирдору ниятҳои нопоки худ ниқоби дини мубини исломро ба бар карда, мардумро гумроҳ мекунанд. Яке аз намояндагони ин тоифа гуруҳҳои сиёсӣ ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки бо фармони хоҷагони хориҷии худ берун аз Тоҷикистон истода, нисбати кишвари маҳбуби мо ҳар гуна суханҳои ноҷо ва иғвоангезона мегӯянд. Бо иғвою туҳмат давлатро сиёҳ карда, дастовардҳои истиқлолияти давлатиро нодида мегиранд, ки ин нотавонӣ ва ноҷавонмардонагии онҳоро нишон медиҳад.

Махсусан ташкилоти экстремитсию террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар вақти дар Тоҷикистон фаъол буданаш бо тамоми гуруҳҳои мухолифин ва террористии олам пинҳонӣ робита доштааст, ки бо гузашти вақт ва пароканда шудани бархе аз аъзоёни ин ташкилоти террористӣ, робитаи онро бо дигар ташкилотҳои террористӣ ошкор шуд.

Гарчи худи таъсиси ҳизби наҳзат ва тамоми фаъолияту амалиёти он аз тарафи доираҳои махсуси хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, илова бар ин, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи ҷангиёни ҲНИ зархаридони хориҷӣ аз ташкилотҳои байналмилалии террористӣ хеле зиёд буданд.
Ҳамин тавр, агар ба таърихи ин ташкилоти террористӣ назар афканем мебинем, ки ягон ташкилоти террористие боқӣ намондааст, ки ТЭТ ҲНИ бо он робита ва ҳамкорӣ надошта бошад. Бинобар ин, моҳияти террористӣ доштани Ҳизби наҳзати исломӣ, робитаи он бо ташкилотҳои террористии байналхалқӣ ва ҷузъи таркибии шабакаи террористии ҷаҳонӣ будани он ягон ҷои шубҳа надорад. Дар чунин ҳолат, талошҳои мубаллиғони наҳзатӣ барои пинҳон доштани ин ҳақиқат на танҳо шармовар, балки соддалавҳона мебошад.

Суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо як арзиши калидӣ аст. Имрӯз низ бояд тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили ин таҳдид муттаҳид гарданд ва нагузоранд ин хоинон ва душманони миллат ҳолати оромии моро халалдор кунанд.

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top