Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ БА ТЕРРОРИЗМ, ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКТРЕМИЗМ ХОТИМА БОЯД ДОД

БА ТЕРРОРИЗМ, ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКТРЕМИЗМ ХОТИМА БОЯД ДОД

Таърих гувоҳ аст, ки истиқлолияти халқи тоҷик бо машаққатҳои хеле зиёде ба даст оварда шудааст. Баҳри расидан ба истиқлолияти комили давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат корҳои назаррас ва чонисориҳои бебозгашт сарф гардидааст.

Дар тӯли солҳои истиқлолият ватани мо ба бисёр комёбиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Имрӯз зиндагии мардуми мо торафт ба беҳбудӣ, бо самти болоравӣ майл карда истодааст. Мутассифона камбудиҳо дар самтҳои гуногуни иҷтимоӣ низ мавҷуданд, ки онҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бартараф карда шуда истодаанд. Ба ақидаи коршиносони хориҷӣ кишвари мо яке аз давлатҳои босубот баҳисоб меравад, зеро халқи мо дар зери осмони софу беғубор, дар тинҷиву амонӣ, бе ягон тарсу ваҳм нисбати ояндаи худу фарзандони хеш, умр басар бурда истодааст ва ояндаи ватани мо шукуфон аст.

Бояд қайд намоем, ки минтақа ва ҷаҳони имрӯзаро даҳшатҳои экстримизм, радикализм, тероризм ва аз ҷониби ташкилатҳои терористӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи Интернет, телефони мобилӣ, бо мақсади пешбурди нақшаҳои ташфиқотии экстримистӣ ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аъзоҳои нав омода ва роҳбари намудан ба амалҳои зиддиинсонӣ фаро гирифтааст. Бо ин мақсад зарур аст, ки ин сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ баста шаванд.

Омили дигари тероризм, экстримизм ва радикализми ҷаҳонӣ муосир гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии сармоягузории тероризму ифротгароӣ буда, мушкилоти умумии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Барои пешгирии ин вабо ҳамаи давлатҳо аз ҷумла ҳар як шаҳрванди ҷаҳон бояд мубориза барад.

Дар Тоҷикистон бо мақсади мубориза бо ин амалҳо дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон оид ба муқовимат бо тероризм ва экстиримизм барои солҳои 2016-2018» зарур аст. Чунки ин барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу харакатҳои ғайриқонунии терористию ифротгароӣ яке аз самтҳои зарурӣ баҳисоб меравад ва имконияти аз байн бурдани ин масоил ҷойи асосиро ишѓол менамояд.

Вақте, ки сухан ҷиҳати шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро меравад, мо бояд ба баланд бардоштани саводи зарурии динии ҷавонон диққат диҳем ва онҳоро аз бартариятҳои ақидаҳои дунявӣ бархурдор намоем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисме аз ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ, тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Терроризм масоили муҳими глобалии ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки инро ҳатман пешгирӣ бояд кард.
Муаммои мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм имрӯз муҳимтарин арзёбӣ мешавад. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гуруӯҳҳои ифротӣ метавонад тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифату ватандӯст бошад.

Вале имрӯз баъзе масъалаҳои мубрам ба монанди терроризм ва экстремизм,инчунин имрӯз пайдо шудани баъзе ташкилоҳое, ки ин равандро боз ҳам ташвиқ намуда, фазои орому озоду ватани моро халалдор месозад. Ба қатори ин ташкилоҳо, Паёми миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мервад,ки асосан барои ҳимояи манфиати ҳизби ифротгароии хеш, ки хатар ба давлати дунявӣ аст, куллан хато ва инконнопазир аст. Ин ПМТ дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ифротгароии экстремиству террористӣ аз ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳрум карда шудааст, ҳамзамон роҳбарони он ҳамчун ҷинояткорони сиёсӣ бояд дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аъзоёни Паёми миллии Тоҷикистон, ки худ собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом буда, симои худро дар вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои Ғарб нишон дода, танҳо як мақсадро пеша кардаанд, ки ин ҳимояи манфиати хеш, амалӣ кардани ғояҳои ифротгароии худ, пароканда намудани миллат ва истиқлолияти тоҷик, барбод додани давлати дунявӣ мебошад.

Бо назардошти ин, фаъолияти онҳо дар хориҷа ғайриқонунӣ ва бар зидди босуботӣ ва амнияти давлати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳама амалиётҳои онҳо дар ҳудуди мамлакат маҳкум карда мешавад.

Аз тарафи дигар барбод донани терроризм ва ифротгароӣ аз бунёди гаронбаҳои дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накӯкорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонии ҳар як шаҳрванди кишвари азизи мо, аз он ҷумла, ҷавонон мебошад.

Бояд қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бонангу номуси моро қувваи пешбарандаи ҷомеа мешуморанд. Аз ин лиҳоз ҷавонони мо имрӯз бояд бо донишҳои диниву дунявӣ мусаллаҳ шуда, номбардор ва парчамбардори халқу миллати куҳанбунёди тоҷик бошанд.

Ҷавононро зарур аст, ки ба гуфтаҳои беасоси гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва хоинони миллати тоҷик бовар накунанд. Тамоми кӯшишу ғайрати хеш ва донишу таҷрибаро барои рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

Аз тарафи дигар мо дар он ақидаем, ки терроризм масоили глобалии ҷаҳони имрӯза ё вобои аср мебошад ва ҳама вақт мо кӯшиш ба ҳарҷ диҳем, ки ҷавононро дар рӯҳия ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуем ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои онҳо ҳамаи имкониятҳоро истифода намоем. Нақши ҷавоноро дар амали намудани сиёсати хирандмандонаи Пешвои муаззами миллат дуруст баҳо дода, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори ватани хеш сафарбар намоем.

Ба ақидаи мо, ҳар яки моро зарур аст, ки дар халос намудани Тоҷикистони азиз ва ҷаҳони муосир аз терроризму ифротгароӣ ва эктремизм ҳиссагузор буда, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ фаъолияти босалоҳияти хешро равон намоем.

Раҷабов Р.К., устоди ДДТТ

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ БА ТЕРРОРИЗМ, ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКТРЕМИЗМ ХОТИМА БОЯД ДОД