Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвар

Дар солҳои навадуми асри гузашта дар сарзамини мо як гурӯҳ мухолифон пайдо шуданд, ки ба муқобили ҳукумат бархостанд. Бо даъвату шиорҳои дуруғини худ тавонистанд мардумро аз роҳи созандагиву ободкориҳо берун сохта, падарро бо писар, бародарро бо бародар душман созанд ва миллатеро, ки ҳаргиз ба хоки дигаре аз пайи кина лашкар накашидааст, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ бикашанд. Дар он айём хатари нобудшудани генофонди миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Точикистон ва хавфи тақсим шудани замини муқаддасамон ба вуҷуд омад.

Дар ҳамин давра неруҳои солим ва ғамхори миллат ба по бархостанд, то марзубуми Ватани аҷдодиро нигоҳ доранд. Онҳо ҷонибҳои муқобилро ба сари мизи музокирот даъват намуданд. Аввали кӯшишҳо дар соли 1994 сурат гирифтанд. Албатта, ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдат хеле зиёд буд. Бояд гуфт, ки созишномаи ҳалкунандаву тақдирсоз дар шаҳри Маскав бо кӯшиши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Хизмати арзандаву далеронаи ӯро халқ фаромӯш нахоҳад кард.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро ворид шудани ҷавонон ва занону духтаронин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба ҷавонони мо фарҳанги исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.

Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, дар ҳақиқат шаъну эътибори инсониро паст мекунанд ва одамро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад дини исломро барои ғаразҳои нопоки хеш истифода барад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони ин ватани маҳбуб ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки ваҳдату истиқлолияти кишвари азизамон халалдор гардад.

Мумтоз Назирӣ - сардори Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top