Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Иҷлосияи тақдирсоз ва кори таълиму тарбия

Иҷлосияи тақдирсоз ва кори таълиму тарбия

Муаллим сарвару саркори инсон,

Муаллим номбардори азизон.

Ба даҳҳри беҳудуду оламу даҳр,

Муаллим ҷамъи ахбори парешон.

Дар асоси мисраъҳои шеърӣ мо омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста таълиму тарбияи наврасону ҷавононро ба роҳ монда баҳри соҳибмаълумоту боистеъдод шудани онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда моҳияти воқеањои сиёсиро фаҳмонем ва аз дастовардҳои истиқлолият ёдовар шавем.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 сол қабл дар қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошад, ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳалаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард.

Ба ёд овардани ин санаи таърихӣ, ки, воқеан, марҳалаи аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар як шахси солимфикри ҷомеа мебошад.

Дар ин ҳангом чандин вакилони халқ ва аъзои ҳукумат аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст гаравгон гирифта шуданд. Президент истеъфо дод.

Даврае буд, ки ба ояндаи нек касе умед надошт. Дар кишвар замони бенизомиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд.

Маҳз аз ҳамии сабабҳо иҷлосия дар шаҳри Душанбе баргузор карда нашуд. Ба ғайр аз ин, дар байни вакилон ҳам ягонагӣ ва ҳам дигарфаҳмӣ набуд. Бо вуҷуди ин, халқ ба Иҷлосияи XVI – ум, ба вакилони худ чашми умед дӯхта буд, бори дигар ба онҳо боварӣ намуда, то онҳо вазъияти баамаломадаро танҳо бо роҳи қонунӣ ба эътидол биоваранд.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.

Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд, ки ин эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номусро меафзуд.

Яъне, солҳои 90 – уми асри гузашта солҳое буданд, ки дар хотири ҳар як фарди тоҷик ҳамеша мемонад. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки он рӯзҳои фоҷиабор халқи моро ба чӣ оварда расонид: иқтисодиёти кишвар хароб гардид, чӣ қадар одамон ҷонашонро аз даст додаанд ва чӣ қадар кӯдакон ятиму занон бесаробон монданд, чӣ қадар хонаҳо вайрону   валангор   гаштанд, мактабҳо сӯхтанд, кӯпрукҳо тарконда шуданд...

Дар он марҳалаи барои миллат ва мамлакат ҳассос дар назди сарварони он вазифаҳое меистоданд, ки қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии одамони маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини Ватан аз иҷрои бетаъхири онҳо вобаста буд. Бо ин мақсад тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

Аввалан, вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти Президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои президенти мамлакат муваққатан дар байни раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуд. шуданд. Роҳбарии Шӯрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми Олии Иҷроия ва амрдиҳанда асосан барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.

Дуюм, масъалаи ҷиддие, ки ҳамчун он рӯзҳо бояд бетаъхир ҳаллу фасл карда мешуд, барқарор намудани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамлакат буд. Зеро чуноне ки зикр намудем, фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо қариб аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон  ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд.

Сеюм масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд.

Чорум масъалае, ки ҳалли бетаъхирро тақозо мекард, таъсис додани Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд.

Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷиддии cap задани ҷанги шаҳрвандӣ ва вусъат ёфтани он вуҷуд надоштани Артиши миллӣ буд. Ҳол он ки Артиш яке аз рукнҳои асосї ва пойдевори ҳастии давлати соҳибистиқлол мебошад.

Вале то интиҳои соли 1992 дар Тоҷикистони тозаистиқлол Артиши миллӣ мухолиф амал мекарданд, ки низоми ягонаи тобеият надоштанд. Ҳатто дар он шабу рӯзҳое, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кори худро идома медод, дар мамлакат зиёда аз 13 ситоди гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳукм меронданд, ки аксари онњо ба касе итоат намекарданд.

Панҷум масъалае, ки бояд мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва ҳаллу фасл қарор мегирифт, пешомадҳои рушди иқтисодиро муайян   намуда, халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд. Аз ин лиҳоз, ягона роњи раҳидан аз мушкилоти иқтисодӣ боздоштани пастравии истеҳсолот, рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ буд.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишњои волои башарӣ ҳидоят намуд.

Хуллас, чандон осон набошад ҳам, дар асоси мисраъҳои шеърии овардашуда, таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонони даврони истиқлолият, аз олами маънӣ бохабар намудани онҳо, олиму донишманд сохтани онҳо, мақсади мо омӯзгорон аст.

Расад ҷон бар лаби бечора устод,

Чу ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

 

 

Ҷӯраев Шавкатҷон Ҷумъақулович,

мудири кафедраи молия ва қарзи

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Иҷлосияи тақдирсоз ва кори таълиму тарбия