Дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳӣ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаву хидматҳои мондагори Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба вуҷуд овардани заминаҳои устувори рушди соҳаҳои сиёсию иқтисодии кишвар дар рушду густариши бесобиқаи фарҳангу маънавият ва, махсусан, масъалаи худшиносию худогоҳи миллати бостонии тоҷик бениҳоят бузург ва муассир аст.

Дар даврони равандҳои босуръати глобалӣ, муноқишаю зиддиятҳои гуногуни сиёсию иқтисодии давлатҳои абарқудрат, таҳдиду чолишҳо ва ҷангу хунрезиҳои дорои равиши динию мазҳабии ниҳоду ҷунбишҳои ифротгарою террористӣ, раванду омилҳои манфии гумроҳкунию мағзшӯии ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ масоили ҳувияти миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, бедории маънавӣ, зиракии сиёсӣ ва худшиносию худогоҳии миллати тоҷик ва, бавежа, ҷавонони ин миллат аҳамияти бисёр ҳам бузургеро касб менамояд.

Роҳбари олии кишвар ба ҳайси мубаллиғи фарҳангу забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ, пайваста дар мулоқоту суханрониҳои худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба тавсеаю тақвияти худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, бедории маънавию зиракии сиёсии ҷавонони  тоҷик изҳори андеша менамояд.

26 – уми декабри соли 2018 Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба масъалаи худшиносию худогоҳии ҷавонон сухан ронда, аз ҷумла, таъкид намуд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол” мебошад.

Дар ин ҷо ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳии ҷавонони тоҷик дар баробари ватандӯстиву садоқат ба Ватан рукни муҳими инкишофи маънавию ахлоқӣ ва зеҳнии ҷавонон дониста шудааст, ки ин дар навбати худ омили зарурии  амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти муназзами давлат ва ободию шукуфонии имрӯзу фардои кишвари муқаддаси мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Дар замони муосир ҷавонони тоҷик дар баробари мардуми кишвар бояд беш аз пеш ба фарҳангу маънавияти миллӣ рӯ оваранд, то онҳо аз гумроҳию нодонӣ, фирефта шудан ва гаравидан ба ниҳоду созмонҳои терррористиву ифротгароӣ эмин бимонанд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Паём ҷавонони кишварро ба зиракию ҳушёрии сиёсӣ даъват менамояд ва бисёр ҳам огоҳона онҳоро ҳушдор медиҳад. “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90 – уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тољикон омода бошанд”.

Барои рушду тавсеаи андешаи миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, боло бурдани фарҳангу маънавияти онҳо нақши аҳли ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи тоҷик, ниҳодҳои марбута ва бавежа, зиёиёну омӯзгорон бузург аст ва  онҳо бояд ин рисолаи муҳими бар дӯш доштаи худро бо камоли ихлос, меҳру муҳаббат ва донишу маҳорат ба иҷро бирасонанд.

Омӯзгору зиёии асил дар замони муосир бояд масъулияту вазифаи худро дар омӯзишу парвариши насли ояндасози кишвар комилан дарк намояд ва ҳамвора саъю кӯшиш кунад, ки ҷавонони имрӯза дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию динӣ, Модар, Меҳан, Президент ва Истиқлолият, ки ҷавҳари ҳастӣ ва бунёдии миллату давлати  мост, арҷ гузоранд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷкистон дар самти боло бурдани фарҳангу маънавият ва худшиносию худогоҳии ҷавонон, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва намояндагони сохторҳои марбута амалҳои зиёди муассир роҳандозӣ карда мешавад.

Масалан, ҳамоишҳои зиёди илмию фарҳангӣ, сабқатҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун аз қабили “Донишҷӯи беҳтарин”, “Забондони беҳтарин”, “Чакомаи гесӯ”, “Тоҷикистон – кишвари афсонавӣ” ва монанди инҳоро метавон номбар намуд. Ҳамчунин, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну ҳамоишҳои гуногуни сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд ва ҳар сол бо нишон додани донишу маърифат ва маҳорату қобилияти баланд ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд.

Дар донишгоҳ гурӯҳҳое мавҷуданд, ки таълиму тадрис дар онҳо ба забони англисӣ сурат мегирад, то донишҷӯёни тоҷик имконият дошта бошанд, ба хориҷи дур нарафта, дар ҳамин ҷо ба ин забон дониши мукаммал гиранд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда ба халқи Ватан хидмат намоянд.

Дар замони муосир тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва дорои фарҳангу маънавияти баланд яке аз масъалањои муҳиму асосӣ ба шумор меравад, зеро танҳо насли бо донишу соҳибкасб ва меҳандӯсту худогоҳ ин марзу буми аҷдодиро обод карда метавонад.

Имрӯз ҷавонони тоҷик бо камоли масъулият дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти осоиштаи кишвар самаранок кору фаъолият менамоянд ва дар рушду шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд. Онҳо сиёсати созанда ва муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  комилан ҷонибдорӣ менамоянд ва шукру сипоси афзун аз он доранд, ки дар кишвари ободу озод – Тоҷикистони соҳибистиқлол кору зиндагӣ мекунанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top