Дурӯғи бефурӯғ

Коллективи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ аз сиёсати созандаву муваффақонаи роҳбарияти олии кишвар дар масоили рушди муназзами иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маорифи мамлакат комилан ҷонибдорӣ менамоянд ва амалҳои иғвогаронаву дасисабозии душманону мухолифини Ватанро, ки берун аз кишвар дар хидмати хоҷагони манфиатҷӯи худ қарор доранд ва бо дастгирию кумаки молиявии онњо нисбат ба давлату миллати тољик туњмату буҳтон ва бадгӯӣ мекунанд, қотеъона мањкум менамоянд.

         Мухолифону хоинони давлату миллати тоҷик бо роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста кӯшиш менамоянд, ки аз ҳар як рӯйдоди кишвар ба манфиати ғаразноки худ суистифода кунанд.

Масалан, чанде пеш яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиноси шинохта Файзинисо Воҳидова бар асари беморӣ аз олам даргузашт ва дар вафот ёфтани он кас мухолифин ниҳодҳои қудратиро гунаҳкор мекунанд. Шавҳари марҳум-Ѓайратҷон Ҳакимов иддаои мухолифини ҳукуматро дар мавриди гӯё заҳролуд гардонидани ӯ аз ҷониби намояндагони ниҳодҳои қудрати кишвар пурра рад намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз даргузашти ҳамсараш барои манфиатҳои муғризонаи худ суистифода накунанд.

Имрӯз рафтору гуфтори беинсофонаву ноодилонаи мухолифону ватанфурӯшон нисбат ба миллати фарҳангсолори тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чеҳраи аслию тинати баду нопоки онҳоро ба мардуми сарафрози тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан равшан кардааст.

Кунун мардуми солори тоҷик ва ҷавонони он дигар ҳаргиз фирефтаи ҳазён ва лофу газофи бадхоҳони Ватани муқаддаси мо намешаванд ва аз ободию озодӣ, сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоии кишвар, ки далели сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, шукру сипоси афзун мекунанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top