Соли нокомињо ва шармандагињои террористони нањзатї

Дар соли сипаригашта низ аз ҷониби роҳбарият ва пайравони ташкилоти террористии наҳзатӣ  амалҳои дасисабозию барангехтани иғвою моҷароҳо дар назди ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ ба назар расид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳилаю найранги ин хоинони миллати тоҷик тасодуфи ва ѓайричашмдошт нест, чункӣ аллакай  мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо воқиф ҳастанд, ин тоифа ҳамавақт дар ҳолати зӯромад моҷароҷӯӣ мекунанд ва  усулҳои пасту разилонаи худро ба кор мебаранд.

Яке аз дасисабозии навбатии ин хоинон дар рафти конфронси САҲА дар шањри Варшаваи Лаҳистон дар моҳи сентябри соли 2018 буд. Роҳбарону фаъолони ин ташкилоти террористӣ тибқи нақшаи пешакӣ маслиҳатшуда, фурсати ба конфронс ҳозир гардидани яке аз таъсисдиҳандагони ин ташкилоти террористии наҳзатӣ Айёмиддин Сатторовро пайгирӣ карданд. Аз ҳузур доштани охирин  дар конфронси САҲА, онҳо сахт дар ҳарос буданд, зеро Сатторов А. шоҳиди тамоми бедодгариҳо, ҷиноятҳо ва хиёнати роҳбарон ва пайравони ин ташкилоти террористӣ мебошад ва бо ин далелҳо мақсадҳои аслии онҳоро ошкор карда, дар назди иштирокдорони конфронси мазкур расвою шарманда мешаванд.

Аз ин рӯ, бо мақсади таҳқиру масхара кардани Айёмиддин Сатторов бо ӯ ба муноқиша бархостанд ва чунин ҳолатеро ба миён оварданд, ки Мурод Саидзода, корманди сафорати ҶТ дар давлатҳои Аврупо, ба ғайр аз фаровардани як мушти обдор ба башараи   яке аз пайравони ин ташкилоти террористӣ Орзуев С. дигар илоҷе надошт. Агар ба ҷойи вай ҳар як ҷавонмарди дигари тоҷикистонӣ ҳам мебуд, бояд чунин мекард. Онҳо мехостанд, бо ин амалашон намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарманда созанд, аммо худашон ба чунин ҳол гирифтор шуданд. Ҷангҷӯӣ ва дасисабозиҳои ин ташкилоти террористӣ ин дафъа низ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот гардид.  

Бояд қайд намуд, ки Мурод Саидзода, ки нангу номус ва ҳисси миллию ватандӯстӣ дошт, пастию разилии ин тоифаро медонист, ҳамчун як ҷавонмарди ҳақиқӣ вокуниш нишон дод. Дар ҷавоби чунин иғвогариҳои душманонаи ин хоинони миллату давлат дигар ягон амале дуруст намеомад.   

 Он рӯз дер нест, ки баъди пурра фош гардидани симои аслии ҷинояткорона ва террористии ин ташкилоти наҳзатӣ, онҳо дар Аврупо ба сифати як ташкилоти террористӣ шинохта шуда, ҳолатҳои аз он кишварҳо хориҷ кардан ва ё дастгир шудани фаъолони онҳо аз эҳтимол дур нест. Онҳо дер ё зуд дар назди қонун ва мардуми мамлакат барои ҷиноятҳояшон бояд ҷавоб гӯянд.

Хулоса, аз рӯи таҳлилҳои матлабҳои васоити ахбори омма, соли сипаригашта, соли нокомиҳо ва шармандагиҳои террористони наҳзатӣ буд.  

                                              Фаррухи Фарҳод, рӯзноманигори масоили сиёсӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top