ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ  ВА  ХАТАРҲОИ МУОСИР

        Ҷаҳони имрўз бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарот на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба кулли мамолики ҷаҳон таҳдид мекунанд. Ба қатори чунин хатарҳо метавон афзоиши терроризм ва экстремизми диниро мансуб донист, ки коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи ин падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.

      Ин омилҳо, пеш аз ҳама, гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни наврасону ҷавонон ва тағйир додани мафкураи онҳо мебошад. Ба ривоҷи ин рӯҳия дар байни ҷавонон як андоза канораҷӯӣ намудани ниҳодҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти солим, арзишҳои суннатии ахлоқию мазҳабӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиятӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қишри таъмиргузори ҷомеа, хосса аҳли илму фарҳанг, устодон, волидайн ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Дар натиҷаи камфаъолиятии ниҳодҳо ва ашхоси номбурда дар зеҳни насли ҷавон тайи даҳсолаҳои охир холигӣ ба вуҷуд омада истодааст, ки метавонад ҳар гуна мафкураи идеологияи ҷадид онро пур кунад.

     Тарғибгарони акидаҳои экстремистӣ аз василаҳои муосири иттилоотӣ, интернет ва хосса шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд, ки хавфи бештареро дар ташаккули ақоиди экстремистӣ дар байни ҷавонон ба бор меорад. Мо дар дохили кишварҳои худ шояд бо роҳҳое тарғиби ин ақидаҳои зарароварро маҳдуд карда тавонем, вале раванди муҳоҷират ва ҳиҷрати ҷавонон бо сабабҳои гуногун ба кишварҳои дигар падидаи идоранашаванда гардидааст. Чунон ки ба назар мерасад, солҳои охир аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастаанд, аз тариқи муҳоҷират бо онҳо иртибот пайдо кардаанд. Тибқи оморҳои расмӣ, ба ин гурӯҳҳо асосан ҷавононе, ки дар оғози роҳи зиндагии мустақилона қарор доранд, гароидаанд, ки ин  ташвишовар  боқӣ мемонад.    Бояд гуфт, ки беш аз ҳама ҷавонони аз 25 то 30-сола ба ин равияҳо ҷалб шудаанд. Воқеан, инсон дар ин марҳалаи синнусолӣ хеле ҳассос ва ҷӯё мебошад. Қувваи зиёди ҷисмонию рӯҳониро дар худ эҳсос менамояд ва мехоҳад, ки онро дар ҷое истифода кунад. Вақте ки мо ин неру ва қувваи ҷисмонию рӯҳонии ҷавононро ба самти лозимӣ, ба манфиати ҷомеа ва бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии худи онҳо масраф карда наметавонем, бо чунин падидаи нодуруст рӯ ба рӯ мегардем. Мувофики омори расмӣ то сентябри соли 2018 шумораи ҷавонони ба сафҳои созмони террористии давлати исломӣ ҷалбшуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, оилаҳои зиёде бо роҳҳои гуногун ба ин созмонҳо ҷалб шудаанд ва имрӯз дар Сурияву Ироқу Афғонистон ҳастанд. Ин хонаводаҳо ба кушта шудани саробонашон дар ҷангҳо дар кишварҳои бегона сарсону саргардон ҳастанд.

Бояд гуфт, ки айни замон масъалаи хатарҳои экстремистию террористӣ ба як мушкилии глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Имрӯз ягон кишвари дунё аз ин хатарҳо дар канор нест. Аз байн бурдани ин падидаи хатарнок талаб менамояд, ки роҳу васила ва имкониятҳои мавҷуда муташаккилона, ҳадафмандона ва бо самар истифода шаванд, ин хатарҳо бояд беш аз ҳарвақта ҷомеаи ҷаҳониро муттаҳид созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солои 2016-2020”-ро таҳия ва қабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир дар кишвар корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин, раванди шомилшавии ҷавонон ба ин созмонҳо пешгирӣ шуда истодааст, ки ин воқеан натиҷаи амалии барномаи мазкур аст. Мувофиқи оморҳои расмӣ ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ 175 нафар шаҳрванди кишвар, ки ба ҷодаи гумроҳӣ афтода буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2018 дар маҷмӯъ 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд, ки ин натиҷаи амалии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар аст. Барои боз ҳам босамартар гардидани раванди амалисозии барномаи мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ҳамкории бештари мақомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Ин ҳамкорӣ бояд ҳадафмандона, муассир ва амалишаванда бошад. Чунки масъулияти бехатарӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвару ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ, инчунин бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад.

Ш. Солеҳов, аъзои фаъоли  ҲХДТ  

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top