Туризм муаррифгари миллату давлат

          Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ, барои эҳё намудан ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад. Туризм бо қудрату тавоноии хусусии худ, барои мустаҳкамии муносибатҳои гуногунтарафаи байни давлатҳо ва халқиятҳо ҳиссаи беандоза дорад.

Ҳанўз аз замонҳои аввали пайдоиши худ туризм ҳамчун намуди сайёҳат ва истироҳат, шиносои бо бойгариҳои маънавию маъдании давлатҳо мебошад. Дар замони муосир туризм нафақат барои тарақиёти иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таъсири калон мерасонад, балки сарчашмаҳои якдигарфаҳмӣ, наздикшавӣ ва мустаҳкамшавии муносибатҳои навсозӣ дар иқтисодиёти бисёр давлатҳо ҷойи муҳимро ишғол менамояд.

          Имрўз ҳам, туризмро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти  мамлакат баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида истодааст, ки ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ  шароити мусоид фароҳам меоварад. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми солона худ қайд намуданд: «Сайёҳи яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳоли қобили  меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

         Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ тадбиқ гардидааст. Барои омаду рафти сайёҳони хориҷӣ ва беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи туристӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармоягузориҳо нигаронида шудаанд.

         Зиёдшавии сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат пеш аз ҳама бо шароит муҳайё кардани  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ, баргузории чорабиниҳои азими байналмилалӣ имконпазир гардид.

         Инчунин, барои васеъ намудани муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди туризм дар қаламрави Тоҷикистон, бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат,  барои омаду рафти шаҳрвандони  кишварҳои Иттиҳоди аврупо, ИМА, Япония, Малайзия, Сингапур, Ветнам ва ғайраҳо  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Орзуҷон Мирзоев

узви фаъоли ҲХДТ дар

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top