Сатр оё либоси миллӣ аст?

Сатр чист? Сатр ин либоси занон ки дар сару гардани худ бар гуё асоси талаботҳои қонунии дини мубини Ислом мепӯшида мебошад. Сатрро дар давлатҳои мусалмонӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва дигар љо хело ва хело ба чашм мерасад.

Асосан сатр дар Тоҷикистон то солҳои 2000-ум чандон ба назар намерасид. Сатркунӣ барои духтарони тоҷик баъди маъруф ё худ ба забони русӣ модда (популярность) шудани либосҳои мексикоӣ ва туркӣ сабаб шуд. Як катор занҳои тоҷик аз Туркия омада ба либосҳои туркӣ дар Душанбеву Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо худро оро медоданд, ки дар муддати кутоҳтарин ин кор ба эътироф ва хаваси дигар духтарони тоҷик гашт. Аз ин сабаб шумораи шахсони бо сатр мегашта дар Душанбе хело зиёд шуд ва хусусан солхои охир. Ва ин боиси руй овардани занону ҷавондухтарон ба фарҳанги бегона гашт.

Чаро мо наметавонем занҳои турк ё дигар миллатҳоро ба либоси миллии худ ҷалб созем, Чаро мо пайравӣ мекунему дигарон ба либоси миллии мо не? Чаро мо маданияту фарҳанг, шарму ҳаёи тоҷиконаро барои занҳои миллатҳои гуногун идеал намесозем? Оё дар гузашта мо доштем ин гуна сатру ҳиҷобро? На ҳаргиз!

Дар гузашгта модарони мо бо руймолҳои зебои худ ҳамчун рамзи шарму ҳаёи занона бо даст ва як эҳтироми махсус пеши бари худро мепушониданд ва ё ҳангоми салом бо шахсони номаҳрам аз остинҳои дарозу васеи куртаи худ истифода мебурданд.

Пӯшидани либоси миллӣ андоми занҳоро он қадар зебою ҷаззоб нишон медод, ки ба хос мардуми тоҷик буд. Вале афсус, ки бо мурури замон занони тоҷик аз пушидани либоси миллӣ ба либосҳои бегона руй оварданд. Махсусан баъди тамошои сериалҳои мексикоӣ, туркӣ, эронӣ пардохтанд ба пӯшидани сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро мо либоси миллӣ худ атласу адрасу чаканро ба дигар миллатҳо талқину худнамоӣ накарда ба бегонапардозӣ шурӯъ намудем. Оё то ин замон мо мусалмон набудем, Тиловати Қуръон намекардем?

Ё ба пӯшидани либоси сиёҳу сатрҳои қиматбаҳо худро мусалмон тарошем?  Оё барои зани тоҷик пӯшидани шими тангу сатру ҳиҷоб ҷоиз аст?

Ҳатто солҳои охир чунин ба назар мерасид, ки ҳангоми туйи рафтани хостгорҳо ё оиладоршавӣ ҳатман шарти аввалини домод ба бар кардани сатр аз ҷониби арӯсшаванда буд. Агар сатр пушад ба занӣ мегирам агар набошад не. Чаро шарти он, ки арус бояд боиффат боиззат, соҳибэҳтиром, дӯзанда, пазанда ё  маълумоти олӣ дошта бошад, то ки дар оянда акалан фарзандони худро тадрис диҳадро ба миён намегузоранд?  Оё бо сатр пӯшидан оилаи нағз барпо мешавад? Ё арусон ҳунарманд мешаванд?

Дар замони пеш агар арӯс то як сӯзании ҳаштметраю даҳметра, 20 болишти гулдор, 2 дона болишти дарозак, пешдиванӣ ва ашёҳои арусиро бо дасди худ омода намесохт ба шавҳар намедодан. Мақсад аз чӣ буд?

Аз он, ки ҷавондухтар ба ҳаёти оиладорӣ бояд тайёр шавад. Имрӯз бо пӯшидани шиму тангу сатри сиёҳ худнамоӣ мекунему бо пӯшидани либоси бегона даъвою иддати мусалмонӣ?

Оё дар гузашта модарони мо, ки то имрӯз куртаҳои тоҷиконаи худро ба бар мекунанд намунаи дарси ибрати худ насозем? Чаро талқин ба либоси миллӣ худ намекунем? Чаро чун арусони пешин ба духтани тоқию ҷома, шерозу сӯзанӣ рӯй намеорем. Оё магар дар ягон расму русуми мо пӯшидани куртаи дарози бешим, либоси сиёҳ ва сатру ҳиҷоб буд?

На ҳаргиз! Хатои маҳз мекунем. Занҳо бояд вобаста ба шароити хона, кор, туй, маърака тарзи пӯшидани либосро донанд. Дар ягон давру замон на дар хона на дар кор рӯсариву ҳиҷоб набуд. Агар мо куртаи миллӣ тоҷиконаи худро  як тарзи бастани зебои рӯймолро дошта бошем ҳеҷ қонуне онро манъ намекунад. Чаро мо руй ба фарҳанги миллии худ наоварда бегонапарастию зоҳирпарастӣ мекунем? Ва ин дастак мешавад ба душмаонин миллати мо, ки ба ҳангомаҷӯйӣ омодаанд. Даррав аз паша фил месозанду мақомотҳоро гунаҳкор. Ҳол он, ки тамоми миллату маҳалро аз руйи фарҳангу маданияту либоси миллиаш мешиносанд дар ҷаҳон. На аз сиёҳпӯъшиву ҳиҷоби гаронмояву либосу сатри ноошно барои миллати тоҷик.

Ё омӯзгор аз зани хонашину шогирдаш фарқ дошта бошад чи ҷойи айбе? Дар замони гузашта њам барои духтарон (мактаббачаҳо) аз матои зарди якранг куртаҳои оддии тоҷикона медухтанд, ки аз мардуми дар куча буда фарқияте дошта бошад.

Солҳои охир бисёр маданияти либоспӯшии занон ниҳоят коста гардида буд. Ростӣ бо як либос ҳам ба туйу маърака ба дарсу кор мерафтанд. Имрӯз хушбахтона ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт.

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Муаззами миллат шукр, ки устодро аз донишҷӯй ва хонандаро аз омӯзгор фарқ карда метавонему ва имрӯз либоси миллии худро бо эскизҳои замонавӣ ба бар мекунем. Ва Шукронаи онро бояд кард, ки Миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо чакану атласу адрасаш  мешиносанд на бо сатру ҳиҷобаш!

 

Котиби Шурои Олимон  Маҳсудинова Р.Ғ.

                                                    

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top