Иҷлосияи сарнавиштсози кишвар

          Аз таърихи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуда, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа гузошта, меъёрҳои асосии ҷомеаи ояндаро эълон намуд. Дар ин замина, месазад, ки аз рисолати таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.

         Сарнавишти давлати мо пас аз касби истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991 ба фоҷиаи фаромӯшнашаванда дар таърихи бузурги миллат - набарди таҳмилии шаҳрвандӣ пайваст. Ҳодисае, ки хатари бузургеро ба сари бошандагони кишвари тозаистиқлоли мо овард. Рӯҳияи ноумедиву адами эътимод ба нафс кулли мамлакатро фаро гирифта буд. Мақомоти низомии давлатӣ фалаҷ гардида, тавлид ва истеҳсолот аз фаъолият бозмонд. Самти муътадили инкишофи иқтисодиёту истеҳсолот вайрон гардида, сатҳи осоиштагию созандагии мардум рӯ ба таназзул овард. Гуруснагиву камбизоатӣ мавзеъҳои ҷангзадаро фаро гирифта, кишвари орому осудаи моро ба нуқтаву маҳалли фоҷиабори ҷангзада табдил дод. Тамоми муносибатҳои байни давлатӣ аз байн рафта, дар мамлакат оташи кинаву адоват, хунрезиву куштори байни якдигар, қатлу ғорат, гиряву навҳаи ятимон ва волидайни аламзада идома меёфт. Дастгоҳи фалаҷгардидаи ҳукуматии ҳамон давраи Тоҷикистон тавонбахшии қудратӣ ё худ мутамарказгардонии сохторҳои зертобеи худро дар ҳамаи самтҳо аз даст дода буд ва минбаъд давлатро идора карда наметавонист. Неруҳои сиёсии кишвар аз ду ҷониб дар баробари якдигар меҷангиданд.

      Сарфи назар аз паёмадҳои сиёсии мамлакат, дар ҳамон рӯзҳои барои халқу давлат душвор, комиссияи махсуси таъсисдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси намояндагони парламент ва неруҳои ҷонибдори Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ёфта буд, масъалаи барпо кардани Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меомӯхт. Ҳамин тавр, дар дарун ва беруни Тоҷикистон неруҳои миёнарави сиёсии давлатие, ки барояшон амнияти Тоҷикистон меҳвари асосии кориашон қарор дошт, талош доштанд, сари вақт ин Иҷлосияро баргузор намоянд. Танҳо интихоби маҳалли баргузории Иҷлосия муҳим буд, чунки дар он замон дар шаҳри Душанбе ҷанги шарвандӣ рӯз то рӯз афрӯхтатар мегашт ва комилан имкони баргузории чунин Иҷлосия дар ин гуна шароит набуд. Комиссияи ҳукуматӣ оид ба баргузории Иҷлосия ба чунин хулоса омад, ки онро дар собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) даъват намоянд, зеро ин минтақа нисбатан ором буд.

       Ниҳоят 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад. Сабақҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани кишвар, раванди бавуҷудоӣ, инкишоф ва устувор гардидани низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон собит месозад, ки дарвоқеъ, намояндагони мардумии Тоҷикистон дар он рӯзҳои сангин бо ҳадафи оромию амнияти кишвар кори бузургеро анҷом дода, ки дар интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва чунин шахсияти бузурги Тоҷикистонро ба майдони сиёсат ва давлати Тоҷикистон оварданд, ки минбаъд дастовардҳо ва комёбиҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат бо номи ӯ сахт алоқамандӣ дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top