Оромию осудагӣ - кафолати рушди Бадахшон

24-уми октябри соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ ҷаласаи васеи ҳайати Раёсати ДДТТ баргузор гардид. Ҷаласаро ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ҳусни оғоз бахшида оид ба аҳамияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки санаи 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ барузор гардид, маълумот доданд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки мақсади сафари кории Пешвои муаззами миллат, ки аз 11 сентябр то 15 сентябр сурат гирифт, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум, кушодани як қатор иншоотҳои нав ва ҳамзамон мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Ҳамчунин дар баромад қайд гардид, ки дар даврони Истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ, қариб 1700 иншооти таъиноти гуногун сохта шудааст. Танҳо дар тӯли чор соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят 20 иншоот ба истифода дода шуд. Тавре Президенти маҳбуби кишвар қайд намуданд, дар вилоят бо вуҷуди дастовардҳо камбудиҳо низ ҷой доранд, ки ислоҳи онҳо ба рушди ҳамаҷонибаи ин гушаи зебоманзари ватанамон мусоидат менамояд.

Ӯ афзуд, бо мақсади рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби сохторҳои зерини қудратӣ: Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ситоди байниидоравӣ таъсис дода шуд. Устодону кормандони донишгоҳи мо боварии комил доранд, ки ситоди амалкунанда дар якҷоягӣ бо мардуми шарифи Бадахшон волоияти қонунро дар вилоят таъмин мекунанд.

Муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ Акрамов Ф.М. оид ба масъалаи зикргардида баромад карда гуфтаҳои ректори донишгоҳро пурра ҷонибдорӣ намуд.

 Доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Баҳодур Раззоқов низ аз рӯи ин масъала баромад карда, оид ба тадбирҳои аз ҷониби мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ андешидашуда ва ҷанбаҳои ҳуқуқии он баромад намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки тибқи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ Давлатмамад Сангмамадов, ки худ зодаи Бадахшон аст, иброз дошт, ки мардуми шарифи Бадахшон ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буда, гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккилро маҳкум мекунад. Ҳеҷ як ҷинояткор ҳаққу ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки аз номи мардуми як вилоят гап занад. Ин гурӯҳ на ба худ, на ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва на ба мардуми Тоҷикистон даркор нест. Мо, - гуфт ӯ боварии комил дорем, ки ситоди амалкунанда пурра аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда мебарояд.

Дар охир ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ якдилона иброз доштанд, ки мо низ тарафдори чораҳои дар чаҳорчӯбаи қонун андешидашуда мебошем ва таманнои гулгулшукуфии ин гӯшаи диёри   азизамонро дорем.

  

  Шуъбаи робита бо ҷомеа.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top