Мусоҳибаи Мавҷуда Соҳибназарова бар зарари бадахшониҳост

Чундиданд, ки инхоҳишашон нашуд, ба амалҳои  иғвобарангезо надаст мезананд. Мусоҳибаи мазкур яке аз чунин амалҳои душманонаи наҳзатиҳост. Мавҷуда Соҳибназарова, ки худро журналист меҳисобад, дар асл бо амалаш нишон дод, ки як шахси тангназар ва манфиатҷуест. Зеро дар Аврупо рафта, бо мақсади дарёфти қути лоямуте ба хизмати наҳзатиҳо камар бастааст ва имрӯз он чи ки мегуяду менависад танҳо баманфиати ҳамон террористонаст ва бар зарари мардуми кишвар, хусусан сокинони Бадахшон.

Дар аввали мусоҳиба ба таври сохтакорона саволҳое гузоштаанд, ки гуё расонаҳои мустақил ба Бадахшон дастрасӣнадошта бошанд. Мавҷуда Соҳибназарова изҳори ҳайронӣмекунад, ки чаро вазъият ва мушкилиҳои ВМКБ то инвақт дар ВАО инъикос наёфтааст. Чунин ҳайронии вай нишонди ҳандаи онаст, ки худаш аз вазъияти Тоҷикистон ва хусусан Бадахшон тамоман бехабар аст ва ҳар чизе ки нахзатиҳо дар гушаш хонданд, ҳамонро мисли тутӣ такрор мекунад.  Зеро ба ҳама маълум аст, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори умум вазъияти тамоми минтакаҳои кишварамон, азҷумла ВМКБ мунтазам инъикос меёбад. Дар хусуси мушкилиҳои ин минтақа, фаъолияти сохторҳоиқудратӣбарои пешгирии амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ваҳифзи сарҳади давлатӣ мунтазам гузоришҳо ба воситаи телевизион намоиш дода мешаванд.Сабаби ҳами “хуфту хези” муллоҳоро хурдани Мавҷуда низ дарон аст, ки имрӯз резахури дастархони наҳзатиҳост.  

Чунин ба назар мерасад, ки Мавҷуда Соҳибназарова бо супориши роҳбарони ҲНИ ва ба таври махсус мардуми Бадахшонро ба шур овардан аст. Ё мумкин мусоҳибаро худи Сайидюнус таҳия карда аз номи вай нашр карда аст. Ба ҳар ҳол вай хонандагонро баиштибоҳ андохтанӣшуда, дар мусоҳиба фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккилро ба ҳодисаҳо ва амалҳои майдаавбошӣбаробар мекунад. Амалҳои ҷиноятиро, ки ҷинояткорон анҷом медиҳанд, беинсофона ба мардуми ВМКБ нисбат додааст. Фаъолияти сохторҳои қудратиро барои пешгирӣва ошкорсозии ҷиноятҳо нашармида “лашкаркашӣ” меномад. Бо туҳмату буҳтон тамоми гуноҳро ба сари кормандони мақомоти давлатӣ зада, чунин вонамуд мекунад, гуё дар онҳо ҷинояткорон умуман мавҷуд набошанд.  Вай ҳатто зидди фаъолияти неруҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ буда, дарро ба рӯйи террористони хориҷӣбоз карданӣаст.

Мавҷуда Соҳибназарова руйи рост туҳмат мекунад, ки гуё мақомоти марбутаи кишвар мардуми ин вилоятро “криминал” ҳисобида бошанд. Ҳол он ки гап дар бораи гурӯҳҳои ҷиноятӣмерафт. Аз ин сабаб вай бояд барои туҳматҳояш, аз ҷумла барои бо порахурӣайбдор кардани сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳаммаслаку хизматгори террористони наҳзатӣбуданаш, инчунин барои барангехтани ихтилоф дар байни минтақаҳои кишварамон дар назди қонун ҷавоб гуяд.

         Дар мавриди қочоқи аслиҳа низ вай хонандагонро ба иштибоҳбурданӣ шуда, дар хусуси интиқоли яроқба Толибон афсонабофӣмекунад. Ҳол он ки гап танҳо сари аслиҳае меравад, ки дар дасти ҷинояткорон аст ва бо он бар зидди мардуми ҳамин вилоят ҷиноятҳо содир карда мешаванд. Яъне мақсади Ҳукумат ҳифзи худи бадахшониҳо азҷинояткорон аст, на чизи дигар. Масъалаҳои марбут ба Толибону Афғонистон ва дигар мавзуҳои глобалӣ бошанд, бе Мавҷуда ҳам ҳал мешаванд.

         Мавҷуда Соҳибназарова аз ақлу дониши худ хеле бештар гап зада, фаъолияти ободкоронаю созандаи Роҳбарияти давлатро дар ВМКБ нодида мегирад. Аммо ба фарқаз вай мардуми шарифи Бадахшон талошҳои Сарвари давлатро барои пешрафти вилоят хуб дарк мекунанд ва ба қадри он мерасанд. Сокинони вилоят мефаҳманд, ки эродҳои Сарвари давлат ҳангоми мулоқот дар шаҳри Хоруғба кормандони мақомоти давлатӣ дахл дошт. Роҳбари кишвар дилсӯзона таъкид карданд, ки пеши роҳи ҷинояткорӣгирифта шавад, то фаъолияти сохторҳо дурусттар амалӣгардида, ин минтақаи зебои диёрамон боз ҳам тараққӣкарда тавонад.

Парвизи Мирзо, рӯзноманигор

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top