«Назария»-и нави наҳзатӣ дар ростои барномаи телевизионӣ

Дар ин замина, чанд нуктаи иҷмолӣ ироа медорем:
1.Пахши барномаи телевизионие, ки аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рўйи навор омада, боиси нигаронии наҳзатиёни террорист гаштааст, саривақтӣ мебошад, чунки мардуми Тоҷикистон бояд донанд, ки қазия чӣ аст ва дар садри он кадом гурўҳҳои ҷиноӣ қарор доранд? Агар чунин барномаҳо рўйи навор наоянд ва қазияи силоҳбадастон дар Бадахшон рўшан нашавад, мардум ва табақаҳои иҷтимоӣ дар нисбати чораандешиҳои давлат ва сохтиорҳои қудратӣ гумони бад мекунанд. Ин аст, ки тавассути телевизион фош сохтани амалҳои ҷиноятӣ ва авомили сар задани ҷиноятҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ амри зарурист.
2.Масъалаи хариду фурўши силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷумлаи масоили муҳимест, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он сари он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва давлатҳо дар асоси эътилофу иттиҳодҳо ин масъалаи муҳимро, ки ба решаҳои давлатдории миллӣ ва умуман, ҳар навъ давлатдорӣ зарбаи муҳлик мезанад, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз ин ҷост, ки давлати Тоҷикистон ва мақомоти марбутаи давлатӣ хариду фурўши силоҳ ва гардидши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар манотиқи ҷумҳурӣ пайгирӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳими ҷуғрофиест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя ҳамсарҳад кардааст. Аз ин лиҳоз, сохторҳои марбутаи давлатӣ масъалаи халъи силоҳро дар ин минтақа, ки миёни гурўҳҳои ҷинояткор радду бадал мешавад, мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда аз имконоти қудратӣ, фаннӣ-техникӣ, интизомӣ ва ҳуқуқӣ истифода мебаранд. Дар ин ягон ҷойи айб нест ва ҳар кишвар ва давлате аз ин усули муқаррарӣ корбаст менамояд. Барои наҳзат ва доираҳои наҳзатӣ ин масъала ҳассос менамояд ва онро, бо назардошти манофеи сиёсӣ ва мафкуравии худ дар расонаҳо интишор медиҳанд, то ҳадафҳои худро дар минтақа машрўият бубахшанд. Ҳама ҳангомаи наҳзатӣ дар ҳамин чанд ҳадафи пучу бемаънӣ ниҳон аст.
3.Гап сари ин аст, ки Сарвари давлат ба ҳеҷ ваҷҳ, мардуми Бадахшонро миннат накардаанд, баръакс, ба мақомдорони Бадахшон дастур додаанд, ки бо мардум бошанд, аз мардум дурӣ наҷўянд, дар хидмати мардум қарор бигиранд ва билохира мардумро кумак намоянд. Илова бар ин, Сарвари давлат масъалаи силоҳро, ки дар дасти гурўҳҳои ҷинояткори дохилӣ мебошад, бардоштанд ва аз мақомоти қудратӣ хостанд, то масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ намуда, пеши роҳи ҷинояткориро дар минтақа бигиранд. Ин буд ҳадаф ва на чизе дигар, ки наҳзат онро ба унвони ҳиллаи сиёсӣ ва шаръии худ мавриди баррасӣ қарор додаааст ва аз он ҳангома месозад. Воқеан, силоҳ дар дасти гурўҳҳои ҷинояткор аст, на дар дасти мардум ва мақомоти дахлдори давлатӣ муваззафанд, ки сари масъала ҷиддӣ тамаркуз намоянд ва чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўйӣ ва амалӣ андешида, гурўҳҳои яроқноки дохилиро, ки ба ҷинояткорӣ даст мезананд, хунсо кунанд.
4.Масъалаи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии он аз тарафи гурўҳҳои ҷинояткор ба минтақа масъалаи муҳимест, ки КДАМ онро ҷиддӣ пайгирӣ карда, дар асоси далелҳои муътамад барномаи телевизионӣ пахш кардааст. Маълум аст, ки КДАМ ҳама далелҳои мувассақе, ки дар даст дорад, наметавонад пешниҳод намояд. Ба ин этикаи ҳирафӣ иҷоза намедиҳад. Далелҳои мувассақ ҳатман дар ҷойи даркорӣ манзур мегарданд. Аммо барои бинандагони телевизион чунин навъи ахбори мухтасар ва зарурӣ басанда аст, то вазъро дар минтақа дарк кунанд ва дар ин замина ба сўйитафоҳумот роҳ надиҳанд. Он чи ки муаллифони матолиби наҳзатӣ дар заминаи муташанниҷ сохтани вазъият дар Бадахшон мегўянд, дурўғе беш нест. Муҳимтар аз ҳама, барои КДАМ мушкил сохтани авзоъ дар минтақа тавассути роҳандозӣ намудани тавтеаҳо чӣ зарурат дорад? Ҳеҷ. Ин гуна заруратро ТТЭ ҲНИ дорад, то аз он ба манфиати худ истифода намояд ва дар расонаҳои хориҷӣ шўру валвала андозад. Аммо ба ин ҳадафи шум нахоҳад расид, чунки мардуми шарифи Бадахшон ин навъ иғвоҳоро зиёд дидаву шунидааст. 
5.Наҳзат назарияи наверо дар заминаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаи Бадахшон бофта, пардохтааст, ки тибқи он ким-кадом гурўҳи трансмиллӣ мехоҳанд дар он ҷо хатти интиқоли маводи мухаддирро боз намоянд . Аз ин рў, ноором сохтан ва таҳти султа қарор додани минтақаро аз ҳадафҳои стратегӣ мешуморад. Ин навъ назарияҳои фиребо ба худи наҳзат иртибот мегиранд ва онҳо таҷрибаи интиқоли маводи мухаддирро дар замони будубош дар Афғонистон хуб андўхта, баъдан дар ҷараёни фаъолияти сифоиза такмил додаанд. Ин аст, ки наҳзатиён чунин назарияро, ки дар фаъолияти ҳизбию сиёсиашон таҷриба кардаанд, дар кори тими қудратии давлатӣ ҳам татбиқ кардан мехоҳанд. Вале бенатиҷа.

Фаридуни Ориёӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top