Муроҷиати донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Тавре ба њамагон маълум аст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 15-уми сентябри соли 2018 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва  мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ фаъолият дорад.

Тибќи изњороти ситоди мазкур маълум мегардад, ки то ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин оқибати ногувор дорад. Инчунин, аз ҷониби афроди алоҳида вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Мо, аз ин гуна ашхос қотеъона талаб менамоем, ки дар муҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳаро ба маќомоти интизомї супоранд, то ин ки амнияти сокинони шарафманди Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ ба пуррагї таъмин гардад. 

Шањрвандони ин вилояти номдор бояд ба иғвою дасисаҳои беасосу бемаънии  саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд.

Мо боварии комил дорем, ки дорем, ки то санаи 15-уми октябри соли равон силоҳи охирини ғайриқонунӣ ба мақомоти интизомї супорида мешавад, амнияти сокинони вилоят халалдор намегардад ва сокинони ватандўсти ин диёр дар пешрафту ободонии кишвари азизамон сањми арзандаи худро мегузоранд. 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top