Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва дастоварҳои замони истиқлолият

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариаш ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойи сазовор худро гирифт. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтирому арҷгузорӣ аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,

Раҳҷуи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.

Достони сулҳу ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат карди бинои миллат. 

Хушбахтона, барои мо ҷавонон боиси ифтихор аст, ки дар таърихи қонунгузории Тоҷикистон 25-уми декабри соли 2015 саҳифаи тозае боз шуд. Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба имзо расид. Ҳанӯз 9-уми декабри соли 2015 бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» кабул карда шуда буд. Қабули чунин қонун дар воқеъ арзи садокату эҳтиром ба хизматҳои шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Кушишҳои пайваста ва фидокоронаи ин сиёсатмадори барҷаста буд, ки тоҷикон чун миллати дорои забону фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ шудаанд. Барҷост, ки Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар мақолаи худ, ки бо номи “Пеши раҳи ту во бод...” гуфтааст:

Дар ҷону дил гирифтӣ аз сидқ дарди Миллат,

Гашти табиби Миллат, карди давои Миллат.

Кам сарваре ба олам бо чораи фароҳам,

Аз интиҳои Миллат ҷуст ибтидои Миллат.

Ҳар бенавои қисмат аз ту навои дил ёфт,

Оҳанги бахт бинмуд, шуд ҳамнавои Миллат. 

Воқеан ҳам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва халқи Тоҷикистон хидмати таърихӣ намуда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дод. Тоҷиконро ба сулҳи комил ҳидоят намуда, барои аз як кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта, ба давлати рӯ ба инкишоф расонидани Тоҷикистон ва дар марзи ғояи миллӣ қарор додани идеяи ваҳдати миллӣ нақши калон дорад.

Ҳанӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихию тақдирсози XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини по бар арсаи роҳбарии давлат ниҳодан, ба мардуми тоҷик бо суханони фаромӯшнашавандаи худ муроҷиат намуда буд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам. То он даме ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷики гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам».

Ва тавре ки мо шоҳид ҳастем, Сарвари ҷавони Тоҷикистони навин ба ин ваъдаи хеш ҷавонмардона вафо намуд. Маҳз бо шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандорӣ ва талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор шуд. 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва берун аз хоки ватан ҳеҷ як гурезае намонд.

Ба шарофати ба имзо расидани ин созишномаи такдирсоз миллати азизамон тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намояд.

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон 21 – сол сипарӣ шуд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар гардида, дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем.

Албатта боиси зикр ва ёдоварист, ки бо дастуру супоришҳои мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар барномаҳои сармоягузорӣ, коркарди нақшаҳои дурнамо, стратегияҳо ва консепсияҳои миллӣ қабул шудаанд ва чорабиниҳои муҳими гуногун дар сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд, ки боварию эътимоди мардумро дар раванди бозсозии кишвар даҳчанд намуд.

Ин чорабиниҳо ва дастоварҳои муҳими замони истиқлолият иборат буданд аз:

1. Таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон;

2. Сохтмони роҳҳои оҳан, роҳҳои автомобилгард, нақбу нерӯгоҳҳои барқӣ, таҷдид ва ислоҳоти иқтисодӣ, яъне ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ, аз буҳрон берун баромадан;

3. Дар соҳаи маорифи мамлакат 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дорад, ки дар он аз рӯйи 300 ихтисос, зиёда аз 156 ҳазор донишҷуён таҳсил намуда, ҳар сол беш аз 30 ҳазор нафар макотиби олиро хатм мекунанд;

4. Ҷалби зиёда аз 16 ҳазор нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарони болаёқат тибқи квотаи президентӣ ба муасисаҳои олии кишвар.

5. Ташкили идрорпулии байналмиллалии президентии “Дурахшандагон”

6. Дар мамлакат 2254 муассисаи таълимї бо маблағи 1млрд. 991 млн. 55ҳаз. сомонӣ таъмиру навсози шуд, ва нашри 30 миллион китоб, ки арзиши умумии онҳо ба 147 миллион сомонӣ баробар аст.

7. Дар сатҳи ҷаҳонӣ гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ, аз қабилӣ:

ü1100 – солагии таъсиси давлатдории Сомониён,

üСоли тамаддуни ориёӣ;

ü680 – солагии олим ва мутафаккири Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ;

ü1150 – солагии устод Рӯдакӣ;

ü2700 – солагии Авасто;

ü1310 – солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа;

ü2500 - солагии Истаравшани таърихӣ;

ü2700 – солагии Кӯлоби бостонӣ;

ü3000 – солагии Ҳисори Шодмон;

üҶаҳонишави Наврӯзи оламафрӯз ва дигар фаъолиятҳои фарҳангӣ...

8. Ҷудо кардани 75 000 гектар замин барои кишту кори мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 90% то ба 30%;

9. Таҳия, қабул ва дар амал тадбиқ кардани қонуну қарорҳои ҳуқуқӣ барои рушду равнақи демократия дар кишвар ва доир кардани чорабинию ҷашнҳои миллӣ ки бевосита бо ташаббус ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд. 

Оре:

Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда,

Бурдӣ ба рӯйи дунё нуру сафои Миллат.

То чашми даҳр бурдӣ симои дилкашашро,

То минбари ҷаҳонӣ бурди садои Миллат.

Мо, ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз Худованд ва аз чунин фазои ободу озоди ватан, аз неъматҳои гаронбаҳои Ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, дар роҳи ифодаи ифтихори миллӣ, дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ҳифзу ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар, ташаббусу талошҳои устуворро пешаи кори худ намуда, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи интихобкардаи ӯро сармашқи кори худ намуда, баҳри ҳифзи он камари ҳиммат мебандем.

Мо, ҷавонон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ дорем ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» – ро ҳамчун санади муҳим арзёбӣ намуда, дастаҷамъона пуштибонӣ менамоем. 

Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар ҷо дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

 

                                     Мирзоалиев А.А., декани факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дотсент, 

 

                                     Додарбеков С.А., Асистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top