Бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон

Дар замони шиддатёбии рақобатҳои геосиёсии давлатҳои абарқудрат, густариши терроризму ифротгароӣ, раванду омилҳои манфии гумроҳсозию мағзшӯии ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва гароиши онҳо ба ниҳоду созмонҳои гуногуни террористӣ масоили худшиносию худогоҳии миллӣ, бедории маънавӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон дар ҷомеаи кунунии мо аҳамияти муҳиму мубрам касб кардааст.

         Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таблиғгари фарҳангу забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ аст, ҳамеша дар мулоқоту суханрониҳои худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа доир ба худшиносию ифтихори миллӣ ва бедории маънавию зиракии ҷавонони тоҷик изҳори андеша менамояд.

         Оре, дар замони муосир рӯ овардани зиёиёни миллат ва, бавежа, ҷавонони худогоҳи он ба фарҳангу маънавияти миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳиму бунёдии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, онҳоро аз гумроҳию нодонӣ, фирефта шудан ва гаравидан бо ниҳоду созмонҳои террористиву ифротгароӣ эмин нигоҳ медорад.

Дар замони осебпазирию коста шудани арзишҳои динию миллӣ, паст рафтани ахлоқу одоби наврасону ҷавонон нақшу мақом ва нуфузи зиёиён ва, махсусан, устодону омӯзгорон, ки ба таълиму тарбия шуғл меварзанд, бисёр бузург аст. Омӯзгорони асил бояд масъулияту вазифаи худро дар боло бурдани худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ ва ватандӯстию ватанпарастии ҷавонону наврасони имрӯза дарёбанд ва ҳамвора саъю кӯшиш намоянд, ки ин қишри ояндасози ҷомеа бофарҳангу маърифатнок ба камол расад.

         Наврасону ҷавонони мо агар ватандӯстию зиракии сиёсӣ ва худшиносию ифтихори миллӣ дошта бошанд, онҳо ҳаргиз ба ниҳоду созмонҳои террористиву ифротгароӣ ворид намешаванд, ба миллату Ватан хиёнат намекунанд ва барои манфиатҳои бегонагон ҷони худро дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон қурбон намекунанд. Чунончӣ, як гурӯҳ ҷавонони тоҷик бо далели фирефтаю мағшӯӣ шудан ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳамла карданд ва онҳоро ба қатл расониданд. Ҳамчунин, собиқ афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Расулов ба Ватану миллат ва давлати Тоҷикистон хиёнат карда, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва давлати Тоҷикистонро ба терроризм гунаҳгор кардааст, ки ин сухану гуфтори ватанфурӯшу хоин М.Расулов иғвогарию дасисабозӣ ва туҳмату буҳтон аст.

         Мо устодону омӯзгорон ва ҳамаи зиёиёни кишвар бояд бо амалҳои созандаи худ дар мавриди ҳифзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло бурдани мақому нуфузи кишвар, дастгирию ҷонибдории ташаббусу иқдомҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таълиму тарбияи насли ояднасози давлату миллати фарҳангсолори тоҷик саъю кӯшиш намоем.

                                                                                         

                 Қодирова З.Ҳ., муовини ректор оид ба ҳамкориҳои

байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top