Даъвои беасос

Рӯзҳои охир дар сомонаи «Озодандешон» муроҷиати беасоси рӯзноманигорон ҷиҳати сиёҳ намудани фазои солим дар кишвари мо чоп шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад, ки ин амал авзои ҷомеаро халалдор месозад. Ба ақидаи мо бояд ба ин мавод ва ба муаллифони онҳо диққат надиҳем, чунки агар онҳо барои рушди кишвар ҳиссагузор мебуданд, ба ин корҳо машғул нашуда, дар Ватани азизи мо зиндагӣ ва кор мекарданд.

Таҳлили муроҷиати Шуҳрати Раҳматулло нишон дод, ки даъвои ӯ, ки гӯё барои фаъолияти касбӣ ӯро ҳокимияти Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор медода бошад, асоси воқеӣ надорад. Ба гуфти ӯ ҳокимият чандин бор ӯро дастгир карданӣ шудааст, низ беасос аст, чунки роҳҳои муайяншудаи баргардонидани шаҳрвандони гунаҳгор мавҷуд аст.

Ҳоло ӯ берун аз кишвар қарор ва даъво дорад, ки на танҳо худаш, балки модар ва хоҳаронашро низ барои фаъолияти касбии вай ва ақидаҳои сиёсии падараш, ки дар маҳбас аст, таъқиб мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ модару хоҳараш ҳар ҳафтаю ҳар моҳ барои пурсиш аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ баъди баромадаш дар сомонаҳои иҷтимоӣ даъват карда мешаванд, асос надорад, чунки ӯ аз куҷо медонад, онҳоро кӣ ва кай даъват намудааст.

Ба ақидаи мо даъвои ӯ, ки гӯё аз язнаи ӯ ҳоҳиш намудаанд, ки аз хоҳараш ҷудо шавад, ё ӯ ба маҳбас кашида мешавад, чизи бофтааст. Агар то имрӯз ин кор сурат нагирифтааст, барои чӣ ниҳодҳои бонуфузи давлатиро гунаҳгор менамояд, яъне худ ба ҷиноят роҳ додааст.

Ақидае, ки духтурони тоҷик ба фарзандони иллатноки язнаи ӯ кӯмак намерасонанд, низ беасос аст, чунки дар кишвар имрӯз ин масъала ҳалли худро ба пуррагӣ ёфтааст ва духтурони оилавӣ дар ҳамаи маҳалҳои кишвар ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, кумаки худро сари вақт ба маризону маъюбон мерасонанд. Ҳангоми фиристодани бачаҳои маъюб ҷиҳати табобат ба хориҷи кишвар аз тарафи ҳокимияти давлатӣ ба онҳо кумаки амалӣ расонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар тамоми ҳудуди кишвар ташкилотҳои иҷтимоӣ сари вақт бо либоси мактабӣ ҳамаи бачаҳои маъюбро таъмин менамоянд. Он андешае, ки хоҳари ӯро барои пӯшидани рӯймол ба милиса даъват кардаанд, низ беасос аст. Ҳамарӯза дар минтақаҳои кишвар шаҳрвандон либосҳои миллӣ мепӯшанд ва касе ба онҳо эрод намегирад.

Гӯё, ки ӯ сабт дорад ва шаҳрвандон метавонанд бо ин сабт шинос шаванд, низ беасос аст, чунки ӯ дар хориҷи кишвар аст ва аз куҷо медонад, ки занҳои тоҷик барои пӯшидани либоси миллӣ таъқиб мешаванд.

Даъвои ӯ, ки ҳазорҳо шаҳрванд аз ҳокимият розӣ нестанд, низ асос надорад. Инчунин, гуфтаи ӯ, ки баъди чопи ин муроҷиатнома таъқиб нисбаташ боз афзун мешавад, низ нодуруст аст.

Ба ақидаи мо муроҷиати ӯ ба ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва давлатҳои демократӣ барои ҳимояи хешу таборашон, ки оппозитсионер ва динпарастанд, аз таъқиботи ҳокимияти Тоҷикистон асос надорад.

Бародари азиз, ба кишвар баргардед ва бо чашми худ бубинед, ки дар Ватани ободи мо ҳамаи шароит дар ҷиҳати таъмини зиндагии солим ва фазои озод барои рушди давлати демократию дунявӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми мардуми бонангу номуси кишвар сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳокимияти давлатиро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, барои рушди босуботи иқтисодиёти он камар бастаанд.

Раҷабов Р.К. профессори

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top