Ифротгароӣ чист?

 Дар конференсияҳои илмӣ ва байналмилалӣ таъкид мешавад, ки то имрӯз падидаҳои экстремизм (ифротгароӣ), радикализм (тундгароӣ) ва терроризм таърифи дурусти илмӣ надорем. Таърифи илмӣ ё фаҳмиши ягона барои ин падидаҳои мураккаб мушкил аст. Ихтилофи манфиатҳои идеологӣ ва сиёсӣ иҷозат намедиҳад, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ таърифҳои ягонаи падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм ба даст оянд.

Дар масъалаи мубориза бо “ифротгароии динӣ” низ доштани чунин нигоҳи прагматикӣ ва чунин шинохти амалӣ кори мубориза бо онро бисёр дақиқтар ва ҳадафмандтар менамояд. Дар бораи ифротгароии динӣ “таърифи ягонаи илмӣ” надошта бошем, аммо бисёр заруртар он аст, ки мо дар бораи моҳият ва хусусиятҳои асосии он шинохти дақиқи амалӣ ва воқеъбинона дошта бошем. Яъне мо бояд дақиқан бидонем, ки бо чӣ падидае рӯбарӯ ҳастем ва бо чӣ падидае мубориза мебарем.  

Аз нигоҳи луғавӣ, «ифрот» калимаи арабӣ буда, решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои ҳадду андоза гузаштан, эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Масалан, баъзе инсонҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, яъне ифрот мекунанд, баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд. Дар мавриди ҳамаи ин ҳолатҳо калимаи «ифротӣ»-ро дар маънои луғавии он истифода намудан мумкин аст. Маънои муқобил ё антоними калимаи “ифрот” калимаи “тафрит” аст, ки он низ аз решаи “фарт” буда, ба маънои бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии беш аз ҳад нисбати чизе мебошад.

Калимаи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ аз решаи “ифрот” буда, маънои майл доштан ба ифрот ё гароиш доштан ба зиёдравию оштинопазириро дорад. Феъли тоҷикии “гароидан” ба маънои майл кардан, пайравӣ кардан, гаравиш доштан ва тамоюл намудан буда, “гаро” шакли калимасозӣ он аст. Аммо ифротгароӣ ба маънои майл доштан ба зиёдаравӣ ё пайравӣ кардан аз ифрот ва оштинопазирӣ мебошад.

Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар англисӣ ва русӣ, мафҳуми ифротгароиро бо истилоҳи машҳури экстремизм ифода мекунанд. Экстремизм низ дақиқан ба маънои тамоюл ба ифрот, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан мебошад.

Маънои истилоҳии ифротгароӣ нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад. Имрӯз, аз ҷумла дар ин мавод, калимаи ифротгароӣ ё экстремизм маҳз ба ҳамин маънои истилоҳии он истифода мешавад.      

«Ифротгароии динӣ» яке аз маъмӯлтарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмӯлан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.

Ифротгароии динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад. Пас, радикализми динӣ марҳили ошкоршуда, фаъолшуда ва амалишавандаи ифротгароии динӣ аст; он ифротгароиест, ки аллакай аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намояд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Маънои луғавии террор таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом додани амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила ифротгароён ба таҳдид, зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил мешаванд.

Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ, тундравии динӣ, даҳшатафкании динӣ, марҳилаҳои пайдарҳами инкишоф ва ташаккули гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир мебошанд.

Имрӯз дар забони муошират, аз ҷумла, дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум, ифротгароиро экстремизм, тундравиро “радикализм” ва даҳшатафканиро “терроризм” мегӯянд. Ин истилоҳҳо низ ҳамин маъноҳоро ифода карда, фақат шакли лотинии пазируфташудаи ин мафҳумҳо мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳамин шакл истифода намудани ин истилоҳҳо низ дуруст аст, зеро ҳоло муҳимтар он аст, ки ин мафҳумҳо ва ин падидаҳо ба мардум фаҳмо буда, моҳият ва хатари онҳо барои мардум рӯшан бошад. Экстремизми динӣ радикализми динӣ ва терроризми динӣ давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷиранд, ки дар маҷмӯъ, тафаккур, амалия ва моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои диниро ташкил мекунанд.

Аҳаммияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳаммияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонанд. Терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд.

Аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароии динӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳимми кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top