Кур ҳастиӣ, ки дар пешат гур ҳаст

 

ҲНИТ умуман аҳолии кишварро, хусусан ҷавононро, таъкид нанамуд, ки ин ҳодисаҳо исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Нагуфт, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ба чӣ роҳи харобиовар расонида истодаанд. Аҳолиро огоҳ наменамояд, ки дар олами ислом равияҳое арзи вуҷуд карда истодаанд, ки амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидааст, ва ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад. ҲНИТ дар пешгирии ин ҳодиса иқдомеро пеша накарда, баръакс ба он мусоидат намудааст.Нисбати нашъамандииҷавонон ягон маротиба эьтино наовардани роҳбарият ва аъзоёни ҲНИТ.

ҲНИТ доимо кӯшиш мекард, ки бо роҳи фиреб тарафдорони худро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд намуда, қувваашро афзун намояд.

ҲНИТ гоҳ-гоҳ вохуриҳоро бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуда, ба хотири зиёд намудани тарафдорони худ доимо ваъдаҳои бардуруғ дода, аммо дар ҷодаи иҷрои он ягон амал накардааст, ки боиси рехтани обрӯяшон гардидааст.

Ҳангоми вохуриҳо фақат камбудиҳои Ҳукуматро дар назди муҳоҷирон пешкаш мекард аммо роҳҳои бартараф намудани онро гуфта наметавонист. Алалхусус бо роҳи фиреб муҳоҷирони меҳнатиро ба худ ҷалб карда аз онҳо маблағҳои калони пулӣ меситониданд. Аксарияти ҷавонони мо, ки дар давлатҳои муштарокулманофеъ дар муҳоҷирати меҳнатӣқарор доранд бо роҳи майл кардан ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣҷалб карда мешаванд. Дар ин самт низ ҲНИТ ягон маротиба изҳорот ва ё иқдомеро пеша накардааст.Аз ҳисоби маблағҳои ҲНИТ харидорӣ намудани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар молу мулки ғайриманкул дар кишвархои хориҷӣ.

Аз ҷониби саркардагони ҲНИТ, махсусан Муҳиддин Кабирӣ дар ҶумҳурииТуркия харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ, бустонсаро ва ба онҷо кучонидани аҳли оилаи худ, ки айни замон дар онҷо зиндагӣ ва кору таҳсил менамоянд. ҲНИТ ҷиҳати ҷой доштани муҳочирати меҳнатии хориҷӣ ва фавтидани муҳоҷиронро доимо гунаҳгор мекунад.

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ раванди табиии замони муосир буда, барои тамоми мамлакатҳои ҷаҳон хос мебошад. Айни замон вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии кишвар зарурияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон аз байн рафтааст. Танҳо дар ду соли охир дар мамлакат зиёда аз 17300 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ, аз ҷумла корхонахои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноат бунёд карда шудаанд ва ин раванд суръат гирифта истодааст.ҲНИТ ҳануз ҳам дарк наменамояд, ки кишвари мо дар оғози эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣқарор дорад. Бархурдор нест, ки таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки бунёди чунин давлат раванди тулонӣ мебошад.ҲНИТ намехоҳад эътироф намояд, ки ҳарчанд аз замони ба истиқлол расидани давлати мо ҳануз давраи зиёд нагузашта бошад ҳам, вале мо аллакай шоҳиди густариши раванди гуногунандешии сиёсӣ, рушди босуръати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ниходхои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон гаштаем, ва дар ин самт аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти озоди онҳо ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар шароити кунунӣ аз ҷониби ҲНИТ дарк накардани зарурияти он, ки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ бояд манфиатҳо ва арзишҳои волои миллӣ, ба монанди истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, суботи иҷтимоӣ ва вахдати милливу ҳамбастагии тамоми сокинони кишварро муқаддас донанд, ва ба хотири хифз кардану таквият бахшидани онҳо саъю талош намоянд, мавкеи ишғолнамудаи он ва амалҳои пешвоёни онро ғайр аз ҷиноят дигар хел арзёбӣ кардан мумкин нест. Ин хиёнат ба Ватан аст.

ҲНИТ ҳатто дар бораи масъалаҳои ҳалталаби руз, аз қабили костагии фарҳанги гуруҳҳои алоҳидаи ҷомеа ва гароиши онҳо ба мафкураи бегона ягон тадбир наҷуст, хол он ки чораҷуиҳои давлат дар ин самт назаррас мебошанд. ҲНИТ арзи ирода нанамуд, ки мардум бояд мохияти равандхои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи барномаҳои давлати худро ба таври дуруст дарку қабул намоянд. Ҳол он, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ бояд намунаи эҳтирому риояи қонунҳои давлати демократи ва мактаби тавсеаи маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум бошанд.

     Озодии сухан, виҷдон ва ибрози ақида кардан барои мардумиТоҷикистон новобаста аз минтақа ва маҳал пурра таъмин карда шудааст.Асос он аст, ки Созишномаи истиқрори сулҳ пурра дар хонадони тамоми тоҷик амалӣ гардидааст ва мавҷуд будани ҲНИТ нишонаест аз низоъандозӣ ва барпо намудани муноқиша ва ба даст овардани курсӣ ва мансаб аст, на чизи дигар.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top