Тарсам нарасӣ ба каъба эй нафратзадаи миллат

 

       ҲНИТ ба масъалаҳои мафкураи миллӣ, ҳифзи содиқонаи манфиатҳои дини мубини ислом кушиш ба харҷ намедод, он баръакс ба танқиду туҳмат, ҳаракатҳои ҷинояткорона ва зиддиахлоқии тарафдорони ин ҳизбро пешгирӣ менамуд. Ҳизби сиёсии мазкур, ки яке аз вазифаҳои асосии худро дар ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти суннатии шариат мебинад, ягон маротиба чунин амалҳои муллоҳои ҳуруфотпарасту фисқу фосиқро ба таври оммавӣ маҳкум нанамуд. Аз нуқтаи назари фиқҳи ислом, ахлоқу ақоид ва аҳкому аркони шариат, ин ҳизб ба чунин амалҳои нопоку зишт баҳо надод, дигаронро барои содир накардани ин ҳаракатҳои беномусӣ даъват накард. Барои мустаҳкам намудани рукнҳои шариат аз ин гуна амалҳои беобруӣ ва бадномкунандаи номи поки ислом васоити ахбори оммаро истифода набурда, ҷавононро ҳидоят накард. Яъне, манофеи худро аз тамоми дигар манфиатҳои диниву миллӣ болотару афзал донист.

Халқи Тоҷикистон хеле хуб дарк намуд, ки ҲНИТ ва пешвоёну аъзоёни баландпояи он аз руйи масъали «гуфтаи муллоро куну кардаашро накун» рафтор менамудааст. Аъзоёни ҲНИТ зиёда аз 400 амалу кирдоҳои зиддиахлоқӣ содир намудааст, ки онҳоро мардум ба воситаи телевизион дидаанд. ҲНИТ ягон аъзои оддӣ ва баландпояи худро барои даст задан ба ҷиноятҳои зиддиахлоқӣ ва зиддишариатӣ аз сафи худ хориҷ нанамуд, ба он баҳои шариатӣ надод, онҳоро маҳкум накард, аз аҳли Тоҷикистониён узр напурсид. Баръакс, ба ҷои он, ки миннатдории худро ба мақомоти дахлдори давлатӣ изҳор намояд, ки онҳо барои дар сафи ҲНИТ ошкор намудани шахсони нолоиқу ба номи ҳизб иснодоваранда мусоидат намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ алалхусус мақомоти баланпояи он ҷиноятҳои ахлоқӣ содир мегардиданд, ки вазифаи онҳо дар дини мубини ислом нигоҳ доштани ахлоқиҳамида мебошад на фисқу фасод.

Таҷрибаи фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ ва хатто ҳизбҳои сиёсии кишвархои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, назар афканем, баръало маълум мегардад, ки онҳо доимо ҷиҳати тақвият додани ҳиссиётҳои ватандуӯстиву меҳанпарастӣ, ба ҷо овардани шукронаи неъмати бузургтарин, яъне соҳибватанӣ ва озодӣ, ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талош ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, заҳмат кашидан ба хотири пешрафту ободии давлатӣ сохибистиқлоламон ва ваҳдати миллӣ бо аҳли ҷомеа - зиёиён, ҷавонон, донишҷӯён, коргарон, деҳқонон ва дигар табақаҳои иҷтимоии аҳолӣҳар гуна вохуриҳоро ташкил ва мегузаронанд.

Аммо, дар ягон самтҳои қайдшуда ҲНИТ кӯшиш ба харҷ надодааст, барои шукуфоӣ ва суботи иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ нақш нагузоштааст, худро аз ин табақаҳои иҷтимоӣ дур кардааст, аҳолиро, бахусус ҷавононро дар ин руҳия ҳидоят накардааст, фарз будани Омӯзиши илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосирро таъкид накардаст.Фаъолияти гуруҳҳои террористиву ифротгароии динӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои башариро маҳкум накард.ҲНИТ айни замон терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дар маҷмуъ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ба хатари ҷиддӣ табдил ёфта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.ҲНИТ бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир ягон маротиба ҷиҳати зарурият будани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки чун вабои аср арзёбӣ мегарданд, хамчунин, хурофотпарастиву ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва савдои одамон муроҷиатнома қабул накард. Инчунин, дар бораи фарз будани ба ин роҳи ғайришариатӣ нарафтан, густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ягон чорабинии фарҳангӣ, таълимӣ ва маърифатӣ барпо нанамуд. ҲНИТ ягон маротиба изҳор нанамуд, ки ин зуҳуротҳои фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад. Ягон маротиба исрор нанамуд, ки терроризм ва экстремизм бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Магар ин танҳо самти кории олимону донишмандон ва мақомоти давлатии мамлакат мебошад?ҲНИТҳамчун ҳизби исломӣ шомилшавии ҷавононро ба гуруҳҳои террористии Сурия ва Ироқ (ДИИШ) маҳкум накард ва пеши роҳи онҳоро нагирифт.Вақтҳои охир ҷавонон ва аз он ҷумла аъзоёни ҲНИТ гуё барои ҷиҳод ба Сурия ва Ироқ рафта, ба гуруҳҳои террористӣ шомил гардиданд. Аммо ҲНИТ ягон маротиба изҳор нанамуд, ки ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳои мудҳиш, терроризм ва ифротгароӣҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад, бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд, номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари худ олуда менамояд, мушкилоти аср ва таҳдидҳои навро ба тамаддуни башарӣ афзоиш медиҳанд, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаиҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил меёбанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top