Сухани наҳзатиён ҳамчун овози сагони дар ба дар

 

Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба вуқўъ пайвастанд, ки бевосита аз сиёсати ояндасози давлату ҳукумат сарчашма мегирад. Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати рў ба тараққӣ ва орому осоишта пазируфта шудааст.

Новобаста аз пешрафтҳои  муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маданӣ  дар ҷомеаи ҷаҳонии имрўз бархўрдҳои сиёсиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ  ва диниву  мазҳабӣ  ҳамчун зухуроти муассире дар дигаргуншавии вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон  мавқеъ пайдо кардаанд,  ки муносибати огоҳона ва созандаи моро  нисбат ба ин падидаҳо тақозо дорад. Дар ҷомеаи имрўз эътироф ва эҳтиёти дастовардҳои бузурги замони истиқлолият, ки яке аз ин дастовардҳо сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Мутаассифона ҷоҳилоне ҳастанд, мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд ва ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла собиқ раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст.

Изҳороти собиқ узви ТЭТ ҲНИ – Айёмиддин Сатторов, ки яке аз муассисони ин ташкилот мебошад, бори дигар тахрибкориҳо ва ҷиноятҳои наҳзатро, ки воқеан характери террористию экстремистиро дорост, равшан исбот намуд.

Сабабҳои аз сафи аъзои ин ташкилот берун шудани худро баён карда, мавсуф пеш аз ҳама таъкид менамояд, ки раиси ТЭТ ҲНИ  Кабирӣ оиннома ва барномаи ҳизбро поймол карда, дар гирди худ шиамазҳабонро ҷамъ намуд ва ҳизбро барои худ манбаи тиҷорату сарват қарор дод.

Аз навор ва шарҳи филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” мавриди назар бармеояд, ки ТЭТ ҲНИ ҳанўз чанд сол пеш яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии «Ансоруллоҳ» гардида, садҳо нафар ҷавононро гумроҳ намуда, ба доми фалокатбори он кашидааст.

“Мулло Айёмиддин” ҳамчунин иқрор мешавад, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ аз тарафи баъзе кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад ва он гоҳе пардапўшона ва гоҳе кушоду равшан сурат мегирад.

Рўй гардонидани А. Сатторов аз ташкилоти ҳизби наҳзат гувоҳи он аст, ки ў фаъолияти ин ҳизб, бо кадом ниятҳо ташкил шудану дар асл ба кадом корҳо даст задани онро аз дохил, ба сифати шоҳиди бевосита таҳлил карда, оқибатҳои вазнини терроризм - зери хатар мондани ҳаёти осоиштаи мардум,  хавфи бузург ба амнияти давлату миллатро ба хубӣ дарк намудааст. 

Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад.

Имрӯз, ки мамлакат бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни ӯ бошад даст ба иғвоангезиву дасисакорӣ зада истодаанд. Ин тоифаи нотавонбин мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Воқеиятҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки дигар мардум ба ин ҳизби ба ном исломӣ эътимод надоранд ва барои ҷомеаи тоҷик комилан нолозим аст. Онҳо бо ҳаракатҳои худ нишон доданд, ки ҳизби наҳзат ташкилоти террористиву экстремистӣ аст. Ин андешаро яке аз масъулини баландпоя ва муассиси ҳизб шаҳрванд Сатторов Айёмидин, мулаққаб бо номи “Мулло Айёмиддин” бо афсусу надомат гуфта гузашт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top