Ҳар оғозеро анҷоме…

 

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба хулосае омадан мумкин аст, ки инсон бо вуҷуди ба роҳи каҷ рафтану фикри ҷавононро коста гардонидан метавонад рӯзе аз карда пушаймон ва дар назди миллати худ багуноҳаш иқроршавад.

Айёмиддин Сатторов, ки мубаллиғ ва яке аз муассисони ТТЭ ҲНИ аст, тавонист он даҳшат ва манзараеро, ки номаш дӯзах аст, маънидод кунад. Солиёни дароз кирдори бархе аз ҷавонон ва сокинони раҳгумзадаи кишвар, ки нону намаки Ватанро хӯрдаву ҳавои онро кашида, имрӯз ба хотири маблағҳои калон зидди халқ, миллат, падар ва модари худ мебароянд, гуноҳест азим. Саркардаи ин ҳама нобасомониҳо нафароне ҳастанд, ки худро пайрави дини Ислом меноманду дар ҷойҳои муқаддас китоби Қуръони 

Карим дар даст, вале дар ботин кинаву адоват ва ҳисси нафрату бадбиниро доранд, ҷавонони наврустаро, ки дар айёми инкишофу донишандӯзӣ ҳастанд, бо ҳар васила гумроҳ месозанд.

Вале, токай? Рӯзе меояд, ки тамоми кирдорҳои бади паси парда буда аён мешаваду гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд, зеро ҳар oғозеро анҷоме аст.  

Шояд нафароне, ки дар роҳи зиндагӣ саргумзадаанду бадоми фиреб афтодаанд, имрӯз пас аз тамошои филми ҳуҷҷатӣ дар дил оташаки умеди бозгашт ба Ватанро пайдо ва аз карда пушаймон мешаванду роҳи рости зиндагиро пеша мекунанд. Зеро хоини Ватан будану зидди кишвари худ баромадан оқибати хуб надорад. Дар ин роҳ ҷони чандин бародарони мо беҳуда барабас рафтаву фардо фарзандони онҳо ба камол расида, дар назди ҷамъият ва оила аз кирдори падар сар хам мекунанд. Вақте замони бозгашт аз ин роҳ ҳаст, бояд истифода бурд ва давоми умри худро баҳри осудагию оромии наздикону пайвандон ва миллату кишвар сарфа кард. Набояд баҳри маблағҳои гӯшношунид тинҷию оромии кишварро иваз кард!

Имрӯз дар чашмони Айёмиддин Сатторов нигоҳи пурумед ва пушаймонӣ аз кардаи худро пай бурдан мумкин аст ва гумон дорем, ки ин нафар охирин нест ва дигар фарзандони роҳгумзада, ки дар мамолики хориҷ мисоли ғулом гуфтаҳои душманони миллатро бечунучаро иҷро мекунанду зидди кишвари худ мебароянд, ба андеша омада, ба Ватани худ хоҳанд баргашт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top