Арзишҳои исломӣ ва фарҳанги маънавии миллӣ

Дини мубини ислом дар тӯли асрҳо ҳамчун шуури иҷтимоию динии миллати бостонии тоҷик бахши муҳими фарҳанги маънавии миллӣ мебошад ва дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати арзиши волои эътиқодӣ дар раддаи арзишҳои бузурги миллию давлатӣ асосу мабнои истиқлолияти сиёсӣ ва омили рушду инкишофи давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо ба арзишҳои ахлоқию маънавии дини ислом, идҳои асосии мусулмонии Рамазону Қурбон ва нақши маърифатовару инсонсози он дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза арҷу эҳтиром мегузоранд.

15 - уми июни соли 2018 мардуми шарифи Тоҷикистон Иди Рамазонро дар фазои дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат ва қадршиносии арзишҳои эътиқодии исломӣ гузаронид, ки дар он густурдани хони маънавӣ, аёдати падару модар, хешу табор, иҷрои амали неку хайр ва дастгирии шахсони ниёзманд ҷой дошт.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар оид ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии инсон, адлу инсоф, амалҳои наҷибу шоиста, дилу забони пок, раҳмату маѓфират, ёрию кумак ба ятимону маъюбон, ойини ҷавонмардию меҳру шафқат баёни афкор намуданд ва аз соҳибкорону тоҷирони ватанӣ даъват ба амал оварданд, ки нархи маҳсулотро дар ин моҳи муборак баланд набардоранд.

Ҳамчунин, роҳбари олии кишвар ба мардум шарифи тоҷик таъкид карданд, ки дар айёми идҳои Рамазону Қурбон ба исрофкорию зиёдаравӣ ва зоҳирпарастию намоишкорӣ роҳ надиҳанд, чун аъмоли мазкур хилофи фармудаҳои дини мубини ислом аст.

Мардуми тоҷик бояд дар айёми идҳои мубораки исломӣ дастархони камхарҷи маънавӣ биороянд ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқӣ ва маърифатию рӯҳонии ҷашнҳои миллию динӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Дар ҷомеаи имрӯза дар асоси сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пазириши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳаввулоту таѓйироти муҳиму судманд дар тафаккуру аъмол ва шуурии иҷтимоию динии мардум ба вуҷуд омада истодааст, ки ин раванди созанда ҳамчун ислоҳоту инқилоби бузурги мафкуравию маънавӣ ва иқтисодию иҷтимоии миллати фарзонаи тоҷик арзёбӣ мегардад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top