Ҷавонони кишвар дар нангу номуси ватандорӣ

21-уми майи соли 2018 дар назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ доир гардид, ки дар он ҷавонон норозигии худро аз сиёсати нодурусту муғризонаш давлати Эрон дар мавриди дастгирии мухолифинии тоҷик, намояндагони ТТЭ-и ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, созмону ниҳодҳои террористиву ифрогароӣ, маблағгузории онҳо ва дахолат кардан ба сиёсати давлатии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар замони муосир, ки раванду чолишҳои муассири глобалӣ ба Эминиву амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла ба Тоҷикистон таҳдид мардуми шарифи тоҷик ва хусусан, ҷавонони кишвар сиёсати муваффақу созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти муқовимат бар зидди терроризму ифрогароӣ комилан ҷонибдорӣ менамоянд.

Мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати давлатии кишвари Эронро оид ба дасгирӣ ва маблағгузории молиявии ҲНИТ, ки бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо созмони террористиву экстремистӣ эълон шудааст ва фаъолияти он манъ аст, шадидан интиқод ва маҳкум менамоем.

Душманону хоинони миллати куҳангбунёди тоҷик ба хотири манфиатҳои ҳизбию гурӯҳӣ ва молиявию иқтисодӣ ба сифати зархариду гумоштаи хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд, ки бо афкору ақидаҳои иртиҷонашон вазъи сиёсию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноором гардонанд ва дар заминаи тағйироу ноамниҳо нақшаҳои матраҳшудан худро ба таври иҷборӣ бар дӯши мардуми шарифи тоҷик таҳмил диҳанд. Аммо мардуми бофарҳанги тоҷик ки имрӯз ба сӯи худшиносию худогоҳӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба давлати миллию арзишҳои бунёдии он роҳ мепӯяд, дигар ба ин амалҳоииртиҷоию ноодилонаи душманони миллат ҳаргиз роҳ намедиҳад ва фикру ақидаҳои нодурусту иғвогаронаи душманону хоинони миллати фарзонаи тоҷикро намепазирад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top