Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Мизи мудаввар

Мизи мудаввар

28-уми феврали соли 2020 дар толори конфронсии донишгоҳ аз ҷониби аъзои кафедраи  фаъолияти бонкӣ дар ҳамкорӣ бо ТАҲХ – и “Имон интернешнл” дар мавзӯи “Мукаммалгардонии хизматрасонии муосири ташкилоти қарзии хурд” мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Фариза Қурбонзода, директори ташкилоти мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ Манучеҳр Ҳикматов, мутахассисони тиҷорати хурд Мавлуда Нурова, Рустам Абдураҳимов, мутахассиси тиҷорати чакана Олимҷон Ашӯров ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Манучеҳр Ҳикматов ва Мавлуда Нурова перомуни мавзӯи матраҳгардида суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Дар фарҷом Фариза Қурбонзода ба мутахассисони ташкилоти мавриди назар ва омӯзгорони кафедра, ки дар пурмазмуну шавқовар гузаштани ҳамоиш саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа ва кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Мизи мудаввар