Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати донишгоҳ ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва корманду донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 2019 ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ Хабарҳо Санади сарнавиштсози таърихӣ

Санади сарнавиштсози таърихӣ

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардонд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 – уми ноябри соли равон дар толори асосии донишгоҳ бахшида ба 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович оғоз намуда, аҳли толорро, ки аз меҳмонон, ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иборат буданд, хайрамақдам гуфт ва эшонро бо ин санаи муҳимми таърихӣ самимона табрику таҳният намуд.

 

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ аз хусуси аҳаммияти таърихии Конститутсия, давраҳои инкишофи он, нақши беназири ин санади сартнавиштсози миллат дар ҳаёти минбаъдаи мардуми кишвар ёдовар шуда, аҳли толор, бахусус, ҷавононро ба илмомӯзӣ, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Конститутсия, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва роҳу равиши давлати моро муайян мекунад, даъват намуд.

Ӯ, инчунин, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди дар шароити буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қабул гардидан, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ эътироф ва баҳои баландро соҳиб гардида, дар қатори беҳтарин конститутсияҳои дунё ҷойгоҳи хоссаи худро пайдо кардааст.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷорати донишгоҳ Некрӯз Қудратов дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” ва донишҷӯи курси 2 – юми ихтисоси маркетинг дар бозори байналхалқӣ Камолзода Муборакшо бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуданд.

 

Дар хотимаи қисми расмии ҷамъомад ректори донишгоҳ ба профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович "Ордени меҳнат ва дониш" таҳти рақами 675/679 - ро аз ҷониби Академияи илмҳои табиатшиносии Россия супорида, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илм барору комёбӣ таманно намуд. Ҳамзамон, ба як қатор омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъол аз ҷониби раёсати донишгоҳ мукофотҳои пулӣ ва ифтихорнома супорида шуд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ, ки бо барномаи фарҳангиву фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук оғоз ёфта, аз суруду таронаҳои ба васфи Пешвои миллат, Ватан, Конститутсия, соҳибистиқлолии кишвар ва рақсҳои дилнишин иборат буданд, хотири аҳли толорро шод гардониданд.

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Санади сарнавиштсози таърихӣ