Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод!

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи дониш дар донишгоҳ

Рӯзи дониш дар донишгоҳ

1-уми сентябри соли 2019  дар толори асосии донишгоҳ омӯзгорону донишҷӯён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шавқу завқи афзун шуниданд.

 

Пас аз он дар саҳни донишгоҳ ректор, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ва вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода  бо омӯзгорону кормандон мулоқот намуданд.

Нахуст сарвари донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати соли нави таҳсили 2019-2020 табрику шодбош намуда, таъкид кард, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф ҳамчун соҳаи муҳимму афзалиятнок аҳамияти зиёд медиҳанд ва мо бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки сатҳи таълиму тадрис ва тарбия дар донишгоҳ баланд гардад ва кадрҳои тахассусманди шоистаи замони муосир ба камол расонем.

  

Дар идомаи ҳамоиш вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода кулли омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо дар кору фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва таҳсил барору комёбӣ орзу намуд.

Донишҷӯёни соли аввали таҳсил, аз ҷумла, Меҳрона Ватанзода ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори Рӯзи дониш ва соли нави таҳсили 2019-2020 шодбош гуфтанд.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. ба вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода баҳри иштирок ва суханронии пурмуҳтаво дар ҳамоиши имрӯза изҳори сипос намуд ва ба ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён дар соли нави таҳсили 2019-2020 бори дигар комёбӣ ва муваффақият орзу кард.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи дониш дар донишгоҳ