Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ бо корфармоён доимо дар робита буда, ҷиҳати баландбардоштани сифати таълим ва савияи дониши донишҷӯён дастуру маслиҳатҳои онҳоро ба назар мегирад. Вобаста ба ихтисосҳои 240103- ҳуқуқи иқтисодӣ ва 240101-ҳуқуқи байналмилалӣ раёсати ДДТТ бо Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бо кор таъмин намудани донишҷӯён ва гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонидааст.

Ҳамчунин кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ҷиҳати бо кор таъмин намудан ба гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар асоси принсипи ҳамкории мутақобила бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории самаранокро ба роҳ мондааст. Масалан, танҳо дар соли таҳсили 2018-2019 донишҷӯёни курси 4 – уми ихтисосҳои 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ ва 240101-ҳуқуқи байналмилалӣ аз таърихи 04.02.2019 то 09.02.2019 дар назди кафедра бо роҳбарии устодон Абдуллоев Ф., Сангканова Т., Зоҳидова М., ва Наботов С.Х. машғулиятҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолиро аз худ намуданд. Аз таърихи 11.02.2019 то 13.04.2019 бо фармони № 04/756, ки аз 08.02.2019 тасдиқ шудааст, барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба мақомотҳои зерини ҳифзи ҳуқуқ: Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии ш. Душанбе, Суди н. Сино, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи ҳуқуқи тиҷорати ДДТТ, Хадамоти пешгирии ҳукуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШВКД дар н. Рашт, Адвокатураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШВКД дар н. И. Сомонӣ, ШВКД дар н. Ҷ. Балхӣ, Суди н. Варзоб, Прокуратураи н. Масчоҳ, Назорати андози ш. Душанбе, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии ВМКБ, Нозироти андози ш. Ваҳдат, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШВКД дар ш. Кӯлоб, ШВКД дар н. И. Сомонӣ, Суди н. Ҷайҳун, Суди ш. Бохтар, РВКД дар ш. Душанбе, Раёсати молияи ш. Панҷакент, Суди н. Рашт, Суди н. Мӯъминобод, Суди н. Фирдавсӣ, Назорати андоз дар ш. Бохтар, ШВКД дар н. Фирдавсӣ, ШВКД дар н. Сино, Тоҷиксодиротбонк дар ш. Кӯлоб, Нозироти андоз дар н. Фирдавсӣ, ШВКД дар н. Истарафшан, Суди н. Шаҳристон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидаанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top