Кафедраи молия

Кафедраи молия соли таҳсили 1993-1994 дар заминаи кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия» таъсис ёфт. Дар тӯли мавҷудияташ кафедра бо номҳои гуногун «Менеҷменти молиявӣ» (1994-1995), «Молия ва омор» (1995-1996), «Молия ва гумрук» (1996-1997) ва аз соли 1997 то ҳол «Молия ва қарз» фаъолият дорад.
Устодони кафедра ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён диққати ҷиддӣ дода, шаклҳои пешқадами таълимро барои аз худ намудани дарсҳои назариявию амалӣ истифода мебаранд.

Устодони кафедра аз фанҳои «Молия», «Молияи корхонаҳо», «Бозори коғазҳои қиматнок», «Сармоягузорӣ», «Маблағгузории хурд», «Низоми буҷетӣ», «Фаъолияти биржавӣ», «Молияи савдо ва хӯроки омма», «Молияи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Хазинадорӣ ва иҷроиши буҷет» ба донишҷӯён таълим медиҳанд.

Доир ба тахассуси 25010400-Молия ва қарз бо зерихтисосҳои «Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна» ва «Бозори коғазҳои қиматнок» дар кафедра мутахассисон ва бакалаврҳои замонавӣ тайёр карда мешаванд.

Кафедраи «Молия ва қарз» бо ташкилоту корхонаҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллии Тоҷикистон, Амонатбонк, Тоҷиксодиротбонк ҳамкорӣ дорад.

Кафедраро дар давраи фаъолияташ н.и.и., шодравон дотсент Туробов М.Ш. (1994-1995), н.и.и., дотсент Маъдиев С. А. (1995-1996), д.и.и., профессор Раҷабов Р.К. (1996-1997), н.и.и., шодравон дотсент Акобиров Ҳ.Н. (1997-2013) ва Ҷураев Ш.Ҷ. (2013-2018) сарварӣ намуданд.

Аз 31-уми марти соли 2020 вазифаи мудири кафедраро Баҳодур Дустматов ба зимма дорад.

Тадқиқотҳои устодони кафедра бо мавзӯи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ «Нақши кооператсияи матлубот дар ташаккулёбии иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2016-2020 алоқаманд мебошад. Инчунин, устодони кафедраи «Молия ва қарз» доир ба зермавзӯъҳои «Масъалаҳои ташкили суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (профессор Ҷабборов А.), «Ташкил ва амалкунии бозори истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дотсент Ҷураев Ш.Ҷ.), «Механизми ташкилӣ - иқтисодии рушди инноватсионии соҳаи хизматрасонӣ» (н.и.и., муаллими калон Дустматов Б.М.), «Ҳолати муосир ва рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Раҳматова К.Н.), «Ташкили иқтисодии ҷиҳати рушди иҷораи молиявӣ дар соҳибкорӣ» (муаллими калон Раҳмонов Л.С.), «Мукаммалгардонии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муалл.калон Қурбонов А.А.), «Хусусиятҳои хоси низоми пардохти музди меҳнат дар соҳаи тандурустӣ» (муаллими калон Абдуллоев А.Б.), «Рушди бозори хизматрасониҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Раҷабова Ш.М.), «Баланд бардштани самаранок истифодабарии иқтидори захиравӣ дар ташкилотҳои кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Алимов К.К.), «Масъалаҳои ҷорӣ намудани фишангҳои молиявии исломӣ дар сектори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллими калон Раҳматов С.М.), «Таъминоти сармоягузории соҳаи хизматрасонӣ» (муаллими калон Холаҳмади С.), «Ташаккулёбии дурнамои таъминоти сармоягузории рушди шарикии давлат ба бахши хусусӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ассистент Наботова П.Ҷ.), «Истифодаи таҷрибаи хориҷӣ дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ояндабинии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ассистент Рафиев Ш.Б.), «Рушди низоми молиякунонии соҳаи хизматрасониҳои санитарию-солимгардонӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)» (ассистент Олифтаева М.А.), «Рушди низоми андоз ва муносибатҳои андозбандӣ дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ассистент Ашурова М.Т.), корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба анҷом расонида истодаанд.

Дар кафедра 23%-и устодон дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисод мебошанд.

Дар назди кафедра маҳфили «Молия», «Бозори коғазҳои қиматнок» фаъолият менамояд ва роҳбарии онро устодони кафедра дотсент Ҷураев Ш.Ҷ., муаллимони калон Алимов К.К., Раҳматова К.Н. ба ӯҳда доранд. Дар кори маҳфилҳо донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои гуногун тадқиқот мебаранд.

Инчунин, дар кафедраи «Молия ва қарз» кори илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ба таври инфиродӣ таҳти роҳбарии устодон ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён тадқиқотҳои худро ҷамъбаст намуда ба намуди мақолаҳои илмӣ бо ҳаммуаллифии устодонашон чоп менамоянд ва дар конференсияҳои илмию назариявӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.

Ҷаласаи кафедраи «Молия ва қарз»

Устодони кафедраи «Молия ва қарз» дар яке аз манзараҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top