Қурбонов Абдукарим Рахимович

Декани факултети молия ва фаъолияти бонкӣ – Раёсат
д.и.и., дотсент – кафедраи молия ва қарз

________________________________________________________________________________________________________________________________________

Қурбон Абдукари Раҳимович 11 - уми майи соли 1974 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст.

Соли 1996 Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳосиб-иқтисоддон хатм намудааст.

Баъди хатми донишкада дар вазифаҳои ассистент,  муаллими калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон  кор кардааст.

Соли 2007 Қурбонов А.Р. рисолаи номзадиро бомуваффақият дифо намудааст.

Соли 2008 ба ҳайси мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба кор қабул шудааст.

Соли 2011 ба вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз соли 2013 вазифаи декани факултети фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иҷро мекунад.

Корҳои илмии Қурбонов А.Р. барои рушд ва такмил додани соҳаи андоз ва андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top