Раҷабов Раҷаб Кучакович

сардори раёсати илм ва инноватсия,
доктори илми иқтисодӣ, профессор, академики соҳавӣ.

_______________________________________________________________________________________________________________________________________

Дар вазифаи муовини ректор доир ба илм ва инноватсия барои тадқиқоти илмӣ, фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ, лоиҳаи инноватсионӣ ва рушди технологияи информатсионӣ масъул буда, аъзои раёсати илм ва инноватсия ва шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура роҳбарӣ менамояд.

Раҷабов Раҷаб Кучакович 1-уми сентябри соли 1956 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Соли 1978 баъд аз хатми донишкада ҳамчун корманди хурди илмии кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба кор қабул шудааст.

Аз соли 1980 ба ҳайси унвонҷȳ, тадқиқотчӣ ва аспиранти Донишкадаи ҳамлу нақли шаҳри Москва фаъолият кардааст.

Аз соли 1983 то соли 1996 дар вазифаҳои корманди илмӣ, ассистент, муаллими калон, муовини декан, мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ко рва фаъолият кардааст.

Соли 1984 бомуваффақият рисолаи номзадии худро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дифо намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.

Соли 1991 ба Раҷабов Раҷаб Кучакович аттестати дотсентӣ дода шудааст.

Аз соли 1998 дар вазифаҳои мудири кафедраи молия ва гумрук, декани факултети тиҷорат ва гумруки Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.

Раҷабов Раҷаб Кучакович соли 2001 рисолаи докториро бомуваффақият дифо намуда, сазовори унвони доктори илмҳои иқтисодӣ гардид.

Соли 2002 ба вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 2005 ба Раҷабов Раҷаб Кучакович аттестати профессори кафедраи экпертизаи молҳо ва фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон супурда шуд.

Аз соли 2008 вазифаи декани факултети умури бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро иҷро намудааст.

Соли 2013 ба вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз соли 2014 ҳамчун муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Аз октябри соли 2017 ба вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 1999 Раҷабов Р.К. узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Раҷабов Р.К. академики Академияи илмҳои табии Федератсияи Россия дар соҳаи «Илмҳои иқтисодӣ» мебошад.

Корҳои илмии Раҷабов Р.К. бо проблемаҳои рушди соҳаи хидматрасонӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва хидматрасонии гумрукӣ дар шароити амиқравии муносибатҳои бозорӣ алоқаманд аст.

Раҷабов Р.К. 23 нафар номзад ва 2 доктори илми иқтисод омода кардааст, дар айни замон роҳбарии илмии 10 аспирант ва 2 докторант мебошад.

Корҳои илмии Раҷабов Р.К. зимни коркарди самтҳои ояндадори рушди инноватсионии соҳаи хидматрасонӣ, комплекси нақлиётӣ ва хидматрасонии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ва, ҳамчунин, дар раванди таълими макотиби олии Тоҷикистон ҳангоми омȳзиши курсҳои моделсозии микроиқтисодӣ, иқтисоди соҳаи хидматрасонӣ, фаъолияти иқтисодии беруна ва банақшагирии инфрасохтори нақлиётӣ истифода бурда шуданд.

Раҷабов Р.К. узви Шȳрои диссертатсионии ДМ 373.008.01, дар Донишкадаи тадқиқотҳои иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шȳрои диссертатсионии КМ 737.015.01 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби илмии Шȳрои диссертатсионии ДМ 737.013.01 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, узви Шȳрои диссертатсионии ДМ 737.004.07 буданд ва узви Шȳрои диссертатсионии Д 999.020.02 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷонишини раиси Шȳрои муттаҳидаи диссертатсионии Д 999.031.03 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва КОА-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия мебошанд.

Барои фаъолияти бисёрсолаи босамари илмӣ – педагогӣ ва саҳми шахсӣ дар омодасозии мутахассисони баландтахассус Раҷабов Р.К. бо медали «20-солагии ташкил ёфтани хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2012), нишони сарисинагии «Аълочии таҳсилоти Ҷумҳурии Тҷикистон» (соли 200), «Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009) ва «Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Раҷабов Раҷаб Кучакович муаллифи зиёда аз 200 асар, мақола ва маводи илмӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top