Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович


д.и.и., профессор

Қабулгоҳ:
+37 2348346
+37 2348546
Emai:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 13.02.1959 сол дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1980 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло хатм намудааст.Соли 1980 баъд аз хатми донишгоҳ ҳамчун иқтисоддон ба сифати корманди хурди илмии шуъбаи ояндабинии талаботи аҳолии филиали тоҷикистонии Пажȳҳишгоҳи умумииттифоқӣ оид ба омȳзиши талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ ва вазъи савдои Вазорати савдои ИҶШС кор кардааст.

Аз соли 1982 дар шуъбаи омȳзиши рȳзонаи аспирантураи Пажȳҳишгоҳи савдо ва хȳроки умумии украинагии Вазорати савдои ИҶШС таҳсил намудааст.

Аз соли 1985 ҳамчун иқтисоддон ба шуъбаи инкишофи базаи моддӣ-техникии Пажȳҳишгоҳи савдо ва хȳроки умумии украинагии савдо ва хȳроки умумии Вазорати савдои ИҶШС ба кор қабул карда шуд.

Соли 1986 ба ҳайси ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи филиали тоҷикистонии Пажȳҳишгоҳи умумииттифоқӣ оид ба омȳзиши талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ ва вазъи савдои Вазорати савдои ИҶШС таъйин шуд.

Соли 1987 дар рафъи оқибатҳои садамаи стансияи атомии Чернобил иштирок намудааст.
Соли 1989 рисолаи номзадии худро бомуввафақият ҳимоя намуда соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст.

Соли 1992 ҳамчун муаллими калони кафедраи иқтисодиёти бозорӣ ва соҳибкории Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намуда, аз моҳи сенятбри худи ҳамон сол ба ҳайси ҷонишини декани факултети «Иқтисодиёти бозорӣ ва соҳибкорӣ» таъйин карда шуданд.

Аз соли 1994 ба ҳайси декани факултети «Иқтисодиёт ва менеҷмент»-и Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Соли 1998 муовини ректор оид ба таълим ва тарбияи Донишкадаи давлатию-кооперативии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 2000-ум соҳиби аттестати дотсентии кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ гардид.

Аз соли 2000 то 2008 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2004 бо муваффақият рисолаи доктории худро ҳимоя намуда, соҳиби дипломи доктори илмҳои иқтисодӣ гардид.

Соли 2005 ба Фақеров Ҳ.Н. аттестати профессории кафедари ташкили соҳибкорӣ супорида шуд.

Соли 2008-ум ҳамчун мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул шудааст.

Аз соли 2011 ба ҳайси муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Соли 2012 сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Аз соли 2017 то соли 2020 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Фаъолияти тадқиқотии  профессор Фақеров Ҳ.Н. оид ба мавзȳъҳои бозори истеъмолӣ, кооператсияи матлубот дар шароити иқтисоди давраи гузариш, ташакулёбии ва рушди бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикстон бахшида шудааст. Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович муаллифи зиёда аз 300 асар, мақола ва маводи илмӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top