Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ моҳи январи соли 2021 дар заминаи шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ таъсис ёфта, мақсади он аз ташкили таъмини ҳуқуқии фаъолияти донишгоҳ иборат аст ва бевосита дар тобеияти ректори донишгоҳ мебошад.

Бахши зикргардида фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи бахш, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солона амалӣ менамояд.

Мудири бахш вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

  • ба фаъолияти бахш роҳбарӣ менамояд;
  • банақшагирии ҷорӣ ва ояндаи фаъолияти бахшро бо дарназардошти мақсад, вазифа ва самтҳое, ки барои ба амал баровардани онҳо таъсис дода шудааст, ташкил менамояд; назоратро аз болои иҷрои вазифаҳои нақшавӣ таъмин намуда, кори кормандони бахшро ташкил ва назорат мекунад;
  • ба кормандони бахш оид ба масъалаҳои фаъолияти онҳо ёрии методӣ ва амалӣ мерасонад;
  • дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои бахш, ташкили такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии онҳо иштирок менамояд;
  • сари вақт омода кардан ва пешниҳод намудани ҳисоботи муқарраршударо таъмин мекунад;
  • ба кормандони донишгоҳ доир ба масъалаҳои фаъолияти меҳнатии онҳо ёрии ҳуқуқӣ мерасонад;
  • дар тарҳрезии санадҳои меъёрии дохилидонишгоҳӣ иштирок намуда, ба раёсати донишгоҳ дар бораи такмил додани меъёрэҷодкунии дохилидонишгоҳӣ таклифҳо пешниҳод мекунад ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқгардонии санадҳои меъёрии дохилидонишгоҳиро талаб мекунад;
  • ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти меҳнатии раёсати донишгоҳ, омӯзгорон, кормандон ва фаъолияти таҳсилотии донишҷӯёни донишгоҳ мусоидат менамояд;
  • мувофиқати лоиҳаи санадҳои меъёрии донишгоҳиро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;
  • ба шахсони мансабдор, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ҳангоми зарурат машварати ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд.

Аз 1-уми феврали соли 2020 вазифаи мудири бахшро Қиличбек Ҳурматов ба уҳда дорад.

Дар вазифаи ҳуқуқшинос оид ба донишҷӯён Алиҷон Сайдалиев фаъолият менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top