Раёсати хоҷагидорӣ

Раёсати хоҷагидорӣ моҳи феврали соли 2016 дар заминаи шуъбаи хоҷагӣ ташкил гардида, вазифаи асосии он аз таъмиру тармими биноҳои таълимӣ, асбобу анҷоми донишгоҳ, нав кардани таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани нуктаҳои равшанидиҳандаю гармкунанда, муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳою озмоишгоҳҳо бо асбобу анҷоми зарурӣ, тозаю озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, саҳни донишгоҳ, хобгоҳ, нуқтаҳои хизмати маишӣ, аз рӯи нақша гузаронидани таъмири ҷорӣ ва пурра, таҳияи нақша барои азнавсозии фарши биноҳои таълимӣ ва ҳифзи моликияти донишгоҳ иборат аст.

Раёсат фаъолияташро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи раёсат, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи раёсат амалӣ менамояд.

Раёсат дар тӯли солҳои фаъолияташ дар бунёдкорию созандагӣ ва ободонию сабзкории донишгоҳ саҳм гузоштааст. Аз ҷумла:

– бо шифер рӯпӯш намудани боми биноҳои таълимӣ;

– бо линолеум, ковралин ва сафолак рӯпӯш намудани роҳравҳои биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳо;

– иваз намудани дару тирезаҳои чӯбини идораву синфхонаҳо ба дару тирезаҳои пластикӣ;

– бунёди китобхонаи илмӣ;

– таъмиру тармими толори варзишӣ ва се бинои хобгоҳ;

– таъмини хобгоҳ бо таҷҳизоту маводи иҷтимоӣ – маишӣ;

– иштироки фаъолона дар ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ҳудуди донишгоҳ ва шаҳри Душанбе;

– ба истифода супоридани майдончаи муосири варзишӣ, озмоишгоҳи технологияи хӯроки омма ва озмоишгоҳи ташхиси молҳои хӯроки омма, бонки таълимӣ ва матбааи хурди “Тоҷир” ;

– мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маркази омӯзишии хизматрасонӣ ва дастархондорӣ ва шаш адад синфхонаи компютерӣ.

Сардори раёсат вазифаву уҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:

– пешниҳоду дархостҳо ва сметаҳоро сари вақт ба танзим медарорад;

– ҳисоботи солонаи кормандонро сари вақт талаб мекунад;

– дафтари бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ирсолшуда ва воридшударо ба танзим дароварда, назорат менамояд;

– нақшаҳои кори кормандонро тасдиқ намуда иҷроиши онро назорат мекунад;

– дурустии ҳуҷҷатҳои доир ба барқ ва оташнишониро сари вақт назорат менамояд;

– ба раёсати донишгоҳ рӯйхати кормандони раёсати хоҷагидориро барои мукофот гирифтан ва ҳавасманд гардонидан пешниҳод мекунад;

– ҳуҷҷатҳои техникаи бехатариро таҳия менамояд;

– кору фаъолияти комендантҳои биноҳои таълимии донишгоҳро ташкил ва назорат менамояд;

– ба раёсати донишгоҳ таклифу мулоҳизаҳоро барои дарёфти роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталабе, ки ба фаъолияти хоҷагӣ тааллуқ доранд, пешниҳод мекунад;

– кору фаъолияти механикҳо, сантехникҳо, коргарон, устоҳои барқ, боғбонҳо ва фаррошҳоро назорат менамояд;

– лоиҳаҳои фармоиши ректор, қарорҳои раёсат ва Шӯрои олимонро, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ робита доранд, омода мекунад;

– дар байни кормандон корҳои шарҳу тавзеҳотиро доир ба риояи қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва оташнишонӣ ташкил ва баргузор менамояд;

– супоришҳое, ки аз тарафи ректори донишгоҳ пешниҳод карда мешаванд, сари вақт иҷро менамояд.

Аз моҳи феврали соли 2016 то моҳи июли соли 2021 вазифаи сардори раёсатро Немон Садиров ба уҳда дошт.

Аз 10-уми июли соли 2021 вазифаи сардори раёсатро Душанбе Турдиев ба уҳда дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top