Ҳайати омузгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳкум менамоянд!

Бинанда: 2401 | Санаи нашр: 09 Январ 2018

Дар сомонаи Востокнюз бо қалами Сиддиқи Акбар мақолае зери унвони «Тарвиҷи фасод ва рақсу шаҳватронӣ, давоми муборизоти режими Раҳмон бар зидди ислом» ба нашр расидааст, ки саропо таҳқиру туҳмат ба давлат ва миллати сарбаланди тоҷик аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мȳҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нафаре ҳастанд, ки яке аз аввалинҳо шуда соли бузургдошти Имоми Аъзамро эълом ва аз он ҳимоят намуданд.  Яъне, Президенти мамлакат дар амал аз арзишҳои дини ислом дифоъ менамоянд. Аммо гурȳҳҳои манфиатхоҳ худ дини мубини исломро ҳамчун олоти муборизаҳои муғризонаи худ қарор дода, ин гуна туҳмат ба кишвар ва сарвари худ мезананд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар бо назардошти манфиатҳои миллии сокинони ҷумҳурӣ чораандешӣ намуда, баҳри пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ мунтаззам чораҷȳӣ менамояд. Тарғиби фарҳанги миллӣ яке аз омиилҳои таъсиррасон бар зидди паҳншавии ақидаҳои ифротӣ ва террористӣ мебошад. Дар ин замина ташкили чорабиниҳои фарҳанги дар минтақаҳои осебпазир бар манфиати кор аст.

Ононе, ки чунин мақолаҳои иғвоангез менависанд, магар огоҳ нестанд, ки даҳҳо  нафар ҷавонони ноогаҳи тоҷик аз чунин минтақаҳои осебпазир дар Сурия ва Ироқ  ҷангида несту нобуд гардида истодаанд ва даҳҳову садҳо занҳо бешавҳар ва кудакон ятиму бепарастор мемонанд? Ё аз ин далелҳо хурсанду мамнун мегарданд?

Донишгоҳи давлатии тиљорати Тоҷикистон нашри чунин мақолаҳои иғвоангезонаро маҳкум намуда, даъват менамояд, ки барои баҳодиҳӣ намудан ба амалкардҳои Ҳукумати кишвар аз нигоҳи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон назарандозӣ гардад, на аз нуқтаи назари бадхоҳони миллату давлати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top