Мулоқот бо донишҷӯёни шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

Бинанда: 2249 | Санаи нашр: 05 Январ 2018

Санаи 4-уми январи соли 2018 дар донишгоҳ мулоқоти муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, номзади илмҳои иқтисоӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. ва мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирзоев Р.Р. бо донишҷӯёни курси 1-уми шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ доир гардид. Муовини ректор Толибов Қобилҷон Қосимович дар муқаддима донишҷӯёни шуъбаи таҳсилоти фосилавиро барои сазовори номи пурифтихори донишҷӯ гардидан табрику таҳният гуфтанд ва дар вазъияти шукӯҳманду тантанавӣ ба онҳо билетҳои донишҷӯиро супориданд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби масъулон маълумот дода шуд, ки барои муҳассилини шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дарсҳо оғоз ёфтанд ва, ҳамчунин, ба донишҷӯён таъкид гардид, ки ҳангоми таҳсил бояд интизоми хубу намунавӣ дошта бошанд,  бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд, ба дарсшиканию бетартибӣ роҳ надиҳанд ва қонуну қоидаҳои донишҷӯиро риоя кунанд.
 

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top