Мусобиқаи варзишӣ ба ифтихори Рȳзи Парчам

Бинанда: 1863 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2017

Бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ва дар ҳамбастагӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт аз 17-уми ноябр то 22-юми ҳамин моҳи соли 2017 дар байни донишҷȳёни курсҳои якум ба шарафи Рȳзи Парчам мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор гардид. Дар ин сабқат 7-дастаи донишҷȳён аз курси якум фаъолона ширкат варзиданд.

Натиҷаи ин мусобиқаи варзишӣ чунин аст:
Донишҷȳёни курси 1-уми ихтисоси 230101, ҷойи якум;
Донишҷȳёни курси 1-уми ихтисоси 250103Г, ҷойи дуюм;
Донишҷȳёни курси 1-уми ихтисоси 240103, ҷойи сеюм.

 

Ғолибони ин мусобиқа бо ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва мукофотҳои пулӣ сазовор гардонида шуданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top