Сабқати ҳунарию фарҳангӣ

Бинанда: 1912 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2017

Санаи 21-уми ноябри соли равон дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷȳраев сабқати ҳунарию фарҳангӣ – маҳфили зарифон бо иштироки дастаҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ доир гардид.

Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ дастаҳои «Тоҷири аҷам» ва «Муҳандиси ҷавон» бо пешниҳоди барномаҳою саҳнаҳои ҷолиб, ҳунармандию ҳозирҷавобии худро нишон доданд.

Баъд аз анҷоми сабқати ҳунарию фарҳангӣ аз рȳи баҳогузории ҳайати доварон ҳар ду даста холҳои баробарро азхуд карданд ва, аз ин рȳ, метавон хулоса кард, ки дар ин сабқат – маҳфили зарифон дȳстию муҳаббат ва ваҳдату ҳамдилии ҷавонон пирȳз гардид.

 

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top