ФЕСТИВАЛИ ХIХ УМУМИҶАҲОНИИ ҶАВОНОН ВА ДОНИШҶУЁН "СОЧИ 2017"

Бинанда: 2102 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2017

Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷуён (ФУҶД) аввалин маротиба соли 1947 дар шаҳри Прага доир гардида буд. Баъдан фестивал солҳои 1957 ва 1985 дар собиқ ИҶШС (шаҳри Москва) баргузор гардид. Фестивали ХIХ умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷуён бошад аз 15-ум то 22-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия доир гашт. Дар он зиёда аз 25 ҳазор нафар иштирокчиён, 5 ҳазор волонтёрон ва дар маҷмȳъ ҳайати шахсии ташкилкунандагону меҳмонон 67 ҳазор нафарро, ки намояндагони 188 давлати ҷаҳон буданд, ташкил медоданд. Дар ҳошияи баргузории фестивал чорабиниҳои мубоҳисавӣ дар самти илм, сиёсат, маориф, технологияи компютерӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва проблемаҳои умумибашариву экологӣ ҷой дошт. Барномаи фестивал дар маҷмȳъ фарогири чорабиниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ буда, пурра ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон бахшида шуда буд.

Дар кори фестивал инчунин роҳбарият ва намояндагони созмону ташкилотҳо, фирмаҳо, сиёсатмадорон ва корпусҳои дипломатӣ, рȳзноманигорон, ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохтаи синамо, варзишгарон ва ғолибони бозиҳои олимпӣ низ иштирок доштанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фестивали мазкур 68 нафар ҷавонон аз вазорату кумитаҳо, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат иштирок намуданд. Намояндагони кишвари азизамон дар фестивали мазкур намоиши гȳшаи сару либос, дастовардҳои ҳунармандону варзишгарон, меваҳои хушки ватанӣ ва дигар молу маҳсулоти миллиро ба маърази тамошо гузоштанд. Инчунин ҷавонони тоҷик дар бахшҳои илмиву варзишӣ, фарҳангӣ ва корҳои ташкилии фестивал иштироки фаолона намуда таърихи бой, урфу одатҳои миллӣ ва фарҳангу маданияти мардуми тоҷикро дар байни намояндагони дигар давлатҳо муаррифӣ намуданд. Дар ҳамин доира ҷавонони кишвари мо бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мулоқот намуда, дар мавзȳъҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷавон ва ғайра суҳбату вохȳриҳо доир намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдуалим Ҳомидов дар фестивали мазкур ширкат намуда, ҳайати Тоҷикистонро дар чорабинии ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ȳ зимни суҳбат иброз намуд, ки дар бораи пешрафти иттилоот дар ҷаҳони муосир, таасуроти тоза бардошта, таҷриба ва ҷаҳонбинии худро вусъати тоза бахшида, онро ҷиҳати фаъолият дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ хоҳад кард.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top