Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини рушди босуботи кишвар

Бинанда: 2036 | Санаи нашр: 17 Ноябр 2017

Чунин буд номгузории мавзȳи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки санаи 16-уми ноябри соли 2017 дар толори шȳрои диссертатсионии донишгоҳ бахшида ба рȳзи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм, профессор Раҷабов Р.К. оғоз ёфт. Сипас, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., Мирсаидзод Ҳаким Саид дар мавзȳи «Ниҳоди президентӣ-пояи рушди давлатдории миллӣ», муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорати ДДТТ, С.Х. Наботов дар мавзȳи «Таъсис ва рушди ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ», донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси 240103 М. Шоева дар мавзȳи «Таъсис ва рушди ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи миллӣ», муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Ф.Н. Ҷабборов оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаи об, донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси 240103 Ф. Қодиров дар мавзȳи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон» маърȳзаҳои пурмазмун намуда, саҳми пешвои миллат, президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ, аз ҷумла роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ беҳамто маънидод карда, иброз доштанд, ки ҳисси баланди ватандȳстию ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро бояд маҳз аз Ҷаноби олӣ омȳхт. «Ман аз тоҷик буданам ифтихор дорам», - гуфтани Пешвои миллат худ далели равшани ин гуфтаҳост.

 

Суханронии устодони доннишгоҳ Додарбек Хуморов ва Бойалӣ Ҳусейнов, ки дар хотиами конфронс ҷараён гирифта, мазмуну муҳтавои он ҷаҳду талош, ҷасорату матонат, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва дигар корнамоиҳои ибратомȳзи Пешвои миллатро ифода мекарданд, ба конфронс шукуҳи хосса бахшиданд.

Р. Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top