Мизи мудаввар ба ифтихори Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 2001 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2017

Санаи 14-уми ноябри соли равон дар толори конфронсҳои донишгоҳ ба ифтихори Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзȳи «Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари давлати тоҷикон» бо иштироки сардори шуъбаи қонунгузории шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ ва оилаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликов У, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҳусейнов М. ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Қурбонов У. бо устодону донишҷȳёни ДДТТ доир гардид.

 

Ба нахуст муовини декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ оид ба тарбия Рустамов Фитрат бо сухани муқаддимавӣ меҳмонони гиромии ҳамоиши имрȳзаро ба аҳли нишаст шинос кард ва риштаи суханро ба намояндагони ниҳодҳои давлатӣ Меликов У. ва пас аз он, ба Ҳусенов М. вогузор намуд. Меҳмонони мазкур перомуни рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши бузургу меҳварии Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон, худшиносию ифтихори миллӣ, субъекти муносибатҳои байналмилалӣ будани кишвари мо, сулҳу ваҳдати миллӣ ва бисёр масоили муҳиму мубрами ҷомеаи кунунии мо изҳори андеша карданд. Ҳамчунин, донишҷȳёни мо - Қодиров Фирȳз ва Шарифзода Зебогул дар мавзȳъҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» ва Президенти мо-Пешвои мост» суханронӣ карданд.

 

Мизи мудаввар дар мавзȳи «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати тоҷикон» бо ироаи афкору ақидаҳои ҷолиби илмию оммавӣ барои устодону донишҷȳён бисёр ҳам муҳиму омȳзанда ва хотирмон буд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top