Рȳзи иттилоотии барномаи аврупоии Эразмус+ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия

Бинанда: 1971 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2017

Санаи 14-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикиситону Россия «Рȳзи иттилоотии барномаи аврупоии Эразмус+» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хидайет Бишчевич, номояндаи Агентии иҷрояи маориф, воситаҳои ахбори аудиовизуалӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Аврупо хонума Пийа Хайнамаки ва муассисаҳои мухталифи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохȳрии мазкур намояндагон аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қодирова Заррина, Сангинов Нарзулло, Абдувалиев Мубин, Эшов Муҳаммадалӣ ва Султонов Зоиршоҳ иштирок намуданд.

Инчунин, дар рафти вохурӣ мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Абдувалиев Мубин дар мавзȳи «Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба табодули донишҷȳён ва устодон дар доираи барномаи аврупоии Эразмус+ КА1 ва КА2» баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои муфассал пешниҳод намуд.

шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

расмҳо аз сомонаи Донишгоҳи славянии Тоҷикиситону Россия гирифта шудаанд 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top