Мекунам шукронаи имрȳзу фардои Ватан!

Бинанда: 1956 | Санаи нашр: 07 Ноябр 2017

4-уми ноябри соли ҷорӣ Боғи ба номи устод Рȳдакии пойтахти кишварамон – Душанбешаҳр чун ҳамарȳза намуди идона дошт. Сафи сокинону меҳмонони пойтахт, онҳое ки аз барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам» - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон огоҳӣ доштанд, лаҳза ба лаҳза зиёд мешуд. Садои хушу форами сурнаю карнай, ки ба дилҳо озодию сурур мебахшид, гȳё нозирони бехабар аз чорабиниро ба тамошои базм даъват мекард.

Бо фаро расидани вақти муайяншуда ровии хушбаён Абдуалим Ҳомидов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории онро, ки ба соли ҷавонон бахшида шуда, дар арафаи таҷлили 23-юмин солгарди бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омада буд, ба самъи ҳозирон расонид ва бо камоли эҳтиром суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович дод.

Ҳамидуллохон Нуриддинович нахуст бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ободию шукуфоии кишвар, ки тавассути ҷаҳду талош ва заҳматҳои мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, ёдовар шуда, саҳми ҷавононро дар рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон беназир арзёбӣ кард.

Ȳ ҳамчунин дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 сол қабл ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ҳарф зада, қайд намуд, ки ин санади олию ҳуқуқӣ, ки онро Пешвои миллат ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат номидаанд, дар таърихи навини кишварамон санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат аст, ки истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни олии кишвар сабт намуда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар намуданд.

 

Сипас, хонандагони литсейи назди донишгоҳ қисмати фарҳангии чорабиниро бо композитсияи бадеӣ, ки хеле ҷолиб ва диданӣ буд, оғоз намуда, бо шеъру сурудҳои халқҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ, ȳзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ, туркӣ, озарӣ, ки дустиву бародарии халқҳоро ифода мекарданд, таъби ҳозиринро шод гардониданд.

Р. Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top