Мизи мудаввар ба ифтихори Рȳзи Конститутсия

Бинанда: 2056 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2017

Санаи 4-уми ноябри соли равон дар толори конфронсҳо мизи мудаввар дар мавзȳи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади эътибори олии ҳуқуқидошта» ба ифтихори 23-юмин солгарди пазируфтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К., прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Заҳруддинзода Ф.З., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раззоқов Б.Р., мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷорат, дотсент Қудратов Н.А. ва донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ Қодиров Муҳибулло доир гардид.

Ноиби ректор Раҷабов Р.К. дар суханронии муқаддимавии худ оиди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои волои он ибрози назар карданд ва суханро ба намояндаи Прокуратураи Генералӣ Заҳруддинзода Ф.З. вогузор карданд.

Заҳруддинзода Ф.З. низ перомуни Бахтномаи кишвари истиқлолманди Тоҷикистон, санади олии ҳуқуқӣ будани он афкору ақидаҳои судманди худро баён намуд.

Баъд аз он, олимони соҳаи илми ҳуқуқ профессор Раззоқов Б.Ҳ., Қудратов Н.А. ва донишҷȳ Қодиров М. маърȳзаҳои худро дар мавзȳъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади олии эътибори ҳуқуқидошта», «Асосҳои иқтисодии сохтори конститутсионии Ҷ.Т.» ва «Ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд» пешкаши аҳли нишасти мизи мудаввар гардониданд.

Дар қисмати дуюми ин чорабинӣ донишҷȳёни фаъоли кафедраи ҳуқуқи тиҷорат ба шарафи 23-юмин солгарди пазируфтани Конститутсияи Ҷ.Т. маърȳзаҳои худро оид ба Бахтномаи миллату давлати мо ва моҳияту макоми бузурги он дар рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизу маҳбуб пешниҳоди ҳозирин гардонидан.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top