Рȳзи Бахтномаи миллат фархунда бод!

Бинанда: 2417 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2017

Дар толори асосии донишгоҳ 3-юми ноябри соли равон ба ифтихори 23-юмин солгарди пазируфтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Қурбонов Убайдулло ва хонумон Маҳмудова Қ., Зуҳурова З., намояндагон аз сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону донишҷȳёни донишгоҳ доир гашт.

 

Ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазируфтани он бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, волоияти қонун, инсону ҳуқуқҳои ȳ ҳамчун арзишҳои олӣ, тарбияи зеҳнию мафкуравӣ ва маънавию фарҳангии наврасону ҷавонон, худшиносию ифтихори миллӣ ва давлатсозию ватандȳстӣ суханронӣ намуданд ва идомаи суханро ба устоди кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Алиев Ф.Т. доданд.

 

Устод Алиев Ф.Т. бо мавзȳи «Кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд» дар бораи моҳият ва вазъи конститутсионии инсону шаҳрванд, конститутсияи инсонмеҳварӣ будани бахтномаи мо, арзишҳои олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, назарияи ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ҳуқуқофаринию ҳуқуқ ба моликияту мерос доштан ибрози андеша кард.

 

Баъд аз он, ҳуқуқшинос Сафаралиев Далер, доншҷȳи курси 3-юми ихтисоси менеҷмент Афғонова Фарзона ва муовини Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Қурбонов Убайдулло пиромуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бузургу муассири он изҳори андеша намуданд ва устодону донишҷȳёнро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд.

 

Дар радифи ин суханрониҳои муҳиму арзанда дастаи ҳунарии донишгоҳ «Тоҷири Аҷам» бо суруду рақсҳои зебо ва саҳнаҳои ҷолибу дилкаш табъи ҳозиринро хушу болида гардониданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top