Илмат ба амал чу ёр гардад

Бинанда: 3309 | Санаи нашр: 07 Ноябр 2017

Санаи 7-уми ноябри соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ дар мавзȳи «Омодасозии кадрҳои илмӣ ва дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар Шȳрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» семинари илмӣ доир гардид.

 

Дар семинари мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисод, профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович ва сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Шаропов Ф.Р. дар бораи таъсис ёфтани Шȳрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар донишгоҳ, омодасозии кадрҳои илмӣ, низомномаи ин Шȳро, тартиби додани унвонҳои илмӣ, авлавият додан ба забони давлатӣ зимни навиштани рисолаҳои илмӣ, аз байн бурдани сирқот (асардуздӣ) дар корҳои илмӣ, роҳ надодан ба амалҳои характери коррупсионидошта ҳангоми навиштану ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ ва дигар масоили муҳиму мубрам ибрози андеша карданд ва ба пурсишҳои олимону устодон перомуни масъалаҳои матраҳшуда посух доданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Илмат ба амал чу ёр гардад

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top