Корҳои ободонию созандагӣ

Бинанда: 1978 | Санаи нашр: 31 Октябр 2017

Бо ибтикори раёсати донишгоҳ рȳзҳои 30-юм ва 31-уми октябри соли равон вобаста ба дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ободонию созандагӣ ва тозаю озодагардонии пойтахти кишвар устодону кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ ба тозаю озодагардонии роҳравҳою саҳни биноҳо, боғчаю майдонҳо, ба тартиб овардани дарахтону гулбуттаҳо ва шинонидани гулҳои мавсимӣ дар таълимгоҳ машғул гардиданд.

 Ҳамчунин, устодону донишҷȳёни факултетҳои донишгоҳ ба тозаю озодагардонӣ ва ободонии ҳудудҳои ба онҳо муқарраршудаи берун аз донишгоҳ шуғл варзиданд.

 Бо корҳои ободонию созандагӣ устодону донишҷȳён ва кормандони ДДТТ саҳми арзандаи худро барои боз ҳам зебою озода гардонидани шаҳри Душанбе гузоштанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top